Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ

Ноябрь 24, 2025 08:55

ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аввалин парчамро 25 ноябри соли 1992  Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ бӯсида, дар назди он сари таъзим фуруд оварда буданд. Парчаме, ки таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзую ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад, дар экспозитсияи толори «Даврони Истиқлоли давлатӣ»-и Осорхонаи миллӣ ҳамчун нигораи нодири таърихӣ ҳифз ва муаррифӣ карда мешавад. Ин матоъ барои миллати мо ёдгории нодир маҳсуб мешавад.

Тавре дар хотираҳои рассом Зуҳур Ҳабибуллоев омадааст, «ин парчам дар Комбинати абрешими шаҳри Хуҷанд омода гардидааст. Онҳо аз соати 4-и бегоҳ то 3-и саҳар бо бофандагон ва ҳунармандони ин Комбинат нахустин парчамро омода намуданд ва 25 ноябр он ба толори Қасри Арбоб ворид карда шуда, Раиси Шурои Олӣ  Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои Шурои Олӣ ин Парчами давлатиро бӯса намуда, бо он савганд ёд намуданд».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Парчами давлатӣ бо камоли эҳтирому эътиқод чунин иброз доштаанд: «Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдори муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзую ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Набояд фаромӯш намуд, ки муҳаббат ба Парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ нишонаи муҳаббати самимии мо ба Ватан-Модар, миллату давлат ва ифтихор аз онҳо ҷузъи муҳимми рисолати ватандӯстдорию ватансозӣ ба ҳисоб меравад».

Аввалин маротиба баъд аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Шурои Олии мамлакат комисияи корӣ таъсис ёфта,  оид ба қабули Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ қарор қабул мегардад.

То санаи қабули Нишон ва Парчами давлатӣ чанд моҳ қабл озмун эълон карда мешавад, ки роҳбарии онро академик Муҳаммад Осимӣ ба уҳда мегирад. Кори комиссия ба таври пӯшида ҷараён мегирад. Ба озмун зиёда аз 200 лоиҳа пешниҳод шуда буд, ки ҳар кадоми онро  комиссия мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор медод. Ҳамин тавр, комиссия лоиҳаи Парчами давлатиро, ки аз ҷониби рассомон Зуҳур Ҳабибуллоев ва Александр Заневский пешниҳод гардида буд, интихоб мекунад.

Рассом Зуҳур Ҳабибуллоев дар хотираҳои худ навиштааст, ки «ҳангоми омода намудан ва тарҳрезии парчам мо аз маслиҳат ва машварати олимони соҳаи фарҳангшиносӣ, аз қабили Лариса Додхудоева,  Н. Игнатушина ва М. Сайдалиев истифода намудем».

Сипас аввалин парчам 24 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Дар ҳамон иҷлосия «Қарор оид ба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қарор оид ба Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардиданд, ки дар асоси онҳо ба моддаҳои 169 ва 170 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардид. Мувофиқи он «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлоли давлатӣ, иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, деҳқонон ва зиёиён, дӯстӣ ва бародарии ҳама халқҳои маскуни ҷумҳурӣ мебошад».

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон аввалин парчаме, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд, ҳифз гардидааст. Андозаи парчами аввалин 145 ба 85 сантиметр  мебошад. Ин парчам  бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни  соли 2007 дар рӯзҳои таҷлили 15-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд.

Рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон рамз ва решаҳои қадимии суннатӣ доранд. Ранги сурх рамзи мубориза, шуҷоат, шараф ва ҷоннисорӣ дар роҳи меҳан, сарзамин, мардум, идеяҳои олӣ; ранги сафед рамзи руҳи тавоно, покӣ, муқаддасот ва хушбахтӣ; ранги сабз рамзи зиндагӣ, ҷавонӣ ва шукуфоӣ мебошанд. Тоҷ рамзи истиқлолу озодии мамлакат мебошад.

Тавре академик Муҳаммад Осимӣ дар муаррифии тарҳи Парчами давлатӣ 24 ноябри соли 1992 гуфта буд, «ҳафт ситора- ин  рамзи ҳафт макони таърихии зебоманзари  ватанамон ба ҳисоб меравад, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон».

Парчами давлатии мамлакат симои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Парчам на танҳо рамзи давлатдорию ифтихори миллӣ, балки рамзи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, андешаву асолати миллӣ, пирӯзию сарфарозӣ ва ҳувияти миллии мардуми тамаддунофарамон маҳсуб мешавад. Парчам ҳамчун ахтари тобон раҳнамо ва ҳидоятгар ба сӯи фардо ва ояндаи дурахшон аст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Ноябрь 24, 2025 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ЗАМИНАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳои Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард