Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши тантанавӣ доир гардид

Ноябрь 22, 2025 11:40

ТУРСУНЗОДА, 22.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бо иштироки ҷавонони синни даъватӣ ва сарбозон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Дар доираи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ҷавонони шаҳри Турсунзода  бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд. Дар ин қисми низомӣ бо иштироки намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи маориф ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода таҳти унвони «Парчам-рамзи ваҳдату сарфарозии миллат» конференсияи илмӣ доир гардид. Зимни он дар бораи аҳамияти парчами давлатӣ дар таҳкими ҳувияти миллӣ маъруза карда шуд.

Ҳамоиш дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳтироми хос ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Иброз гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати оқилонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи давлату давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ, ҳаёти осоишта, бахту иқболи нек ва умед ба ояндаи шукуфон шинохта шуда, дар атрофи худ аҳли ҷомеаро муттаҳид сохтааст. Парчами давлатӣ барои ҳар халқу миллат, аз ҷумла барои тоҷикон муқаддас аст. Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчам арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Ноябрь 22, 2025 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид