Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
РӮДАКӢ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоӣ ва чорабинии бошукуҳи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Дар ин рӯз роҳбарияти ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони муассисаю ташкилот, хонандагону донишҷӯëни муассисаҳои таълимӣ, фаъолон ва собиқадорону сокинон зери парафшонии Парчами давлатӣ ва шиору овезаҳо дар майдони Парчами давлатӣ ҷамъ омаданд.
Дар ҳамоиши сиёсӣ гуфта шуд, ки баъди соҳиб шудан ба ин рамзи муқаддаси давлатӣ дар ҳаёти сиёсии мамлакат марҳилаи сифатан нав оғоз гардид. Конститутсияи Тоҷикистон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд. Ба туфайли волоияти идеяҳои ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ба даст омада, барои таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдориямон шароит фароҳам овард.
Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи ифтихори миллӣ буда, эҳтироми волои он вазифаи ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин рамзи муқаддас давлатдории мо ва соҳибихтиёр будани онро таҷассум намуда, мардумро ба ҳаёти осоишта, сулҳу субот ва мубориза барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ҳидоят ва роҳнамоӣ менамояд.
Дар идомаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Чортеппа бо иштироки меҳмонон, масъулини соҳаи маориф ва фаъолони ҷомеа бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №118-ро мавриди истифода қарор гирифт.
Омӯзгорону хонандагони муассиса ин рӯйдоди фараҳбахшро чун туҳфаи идона пазируфтанд.
Сохтмони бинои мактаб 25 августи соли 2024 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, шогирди ин муассиса Айниддин Одинаев оғоз гардида, моҳи октябри соли раовн ба анҷом расид. Маблағи умумии сохтмони бинои таълимӣ зиёда аз 1,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бино аз 2 ошёна, 7 синфхона, 1 утоқи корӣ ва толори маҷлисгоҳ иборат аст. Бинои мактаб барои 300 ҷойи нишаст дар ду баст сохта шудааст. Синфхонаҳои бинои иловагӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Ба шарафи Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳия ҳамчунин бинои истиқоматии баландошёнае, ки аз ҷониби соҳибкор Мансур Алиев бунёд шудааст, ба истифода дода шуд. Бино аз 9 ошёна ва хонаҳои аз 1 то 5-ҳуҷрадор иборат мебошад. Дар сохтмони бино даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Бояд гуфт, ки соҳибкорони саховатпешаи ноҳияи Рӯдакӣ бо шукргузорӣ аз фазои осоиштаи мамлакат дар бунёду ободсозии мактабу роҳҳо ва дигар иншооти муҳими ҷамъиятӣ саҳми назаррас мегузоранд. Ин ҳама рамзи муҳаббату садоқати бепоён нисбат ба Ватан мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ













Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд






