Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии Остонаи Қазоқистон созишнома ба имзо расид

Ноябрь 19, 2025 11:24

ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишгоҳи байналмилалии Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, созишнома бо мақсади пойдор мондани робитаҳои дӯстона ва ҳамкорӣ дар самти таълим ба имзо расонида шуд.

Зимни вохӯрӣ ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Жило Гулназарзода ва муовини якуми ректори Донишгоҳи байналмилалии Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Анар Мирзагалиева масъалаҳои рушди ҳамкории илмӣ ва академӣ, аз ҷумла ба роҳ мондани барномаҳои муштараки таълимӣ, табодули таҷриба ва иштироки фаъолонаи омӯзгорону донишҷӯёнро дар лоиҳаҳои байналмилалӣ барои боло бурдани сифати таҳсил ва тавсеаи имконоти ду ҷониб баррасӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки густариш додани робитаҳои илмӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва мубодилаи таҷрибаи педагогӣ барои боло бурдани сатҳи омодагии мутахассисони ҷавон ва тақвияти нуфузи муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар арсаи байналмилалӣ заминаи муосид фароҳам меорад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Ноябрь 19, 2025 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд