Беш аз 20 ҳазор нафар дар ҳамоиши идона дар вилояти Суғд иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Ҳамоиши идона, ки дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ баргузор шуд, фазои идона ва руҳияи баланду ватандӯстонаи мардумро ба таври равшан инъикос намуд.
Дар ҳамоиш беш аз 20 ҳазор сокинони гуногункасб– варзишгарон, донишҷӯёну хонандагон, омӯзгорон, аҳли зиё, кормандони соҳаҳои тандурустию фарҳанг, инчунин занону ҷавонон фаъолона иштирок карданд.
Иштирокчиён Парчами давлатии Тоҷикистонро ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, шарафу номус ва арзиши муқаддаси миллат бо ифтихор барафрохта, муҳаббати худро ба Ватан иброз намуданд.
Таъкид гардид, ки эҳтироми Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо вазифаи ҳар шаҳрванди мамлакат, балки омили муҳими таҳкими худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.
Ҳамоиши идона бори дигар нишон дод, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон нисбат ба рамзҳои миллӣ эҳтироми хосса доранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






