БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби Шоҳҷоиза шуданд
ДУШАНБЕ, 10.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаҳои шоиста дар аввалин Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика ва информатика ба номи Хайём — «KhIMIO–2025» 8 ҷойи намоён ва Шоҳҷоиза — «Ҷоми Хайём»-ро ба даст овард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар доданд.
Олимпиада аз 5 то 9 ноябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки 96 довталаб аз 8 давлат баргузор гардид. Дар олимпиада, ки аз фанҳои математика ва информатика иборат буд, намояндагони Тоҷикистон бо дониши амиқ, зеҳни баланд ва тайёрии ҷиддӣ истеъдоди худро дар сатҳи байналмилалӣ нишон доданд.
Ғолибони тоҷик бо Диплом, медалҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Ин дастовард натиҷаи талоши омӯзгорон, муҳити омӯзишии муассир ва дастгирии давлат дар рушди илмҳои дақиқ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика ва информатика ба номи Хайём — «KhIMIO–2025» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои талаботи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) доир карда шуд.
Моҳи марти соли 2020 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо олимони мамлакат иброз доштанд, ки «имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Аз ин рӯ, мо рушди илмҳои муосир, махсусан дақиқро дар мадди аввал гузоштем, зеро дар назди мо боз як вазифаи бузург, яъне ҳадафи чоруми стратегӣ– саноатикунонии босуръати мамлакат қарор дорад».
«Ба масъалаи рушди фанҳои дақиқ, омӯзиши технологияҳои муосир ва таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ дар муассисаҳои таълимӣ диққати махсус зоҳир намуданд, зеро пешрафти босуръати илму техника ва раванди рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи муосир дигаргуниҳои назаррас ба вуҷуд оварда, аз муассисаҳои таълимӣ тақозо менамояд, ки барои омӯзиши он талоши бештар намоянд»,-таъкид намуданд Президенти мамлакат.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки масъулин «назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд».
Ҳамзамон ба хотири рушди тафаккури техникӣ ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеаи мамлакат ва бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бо сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад. Ин озмун ба рушди тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеаи мамлакат бахшида шудааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2025 дар даври ҷумҳуриявии озмун дар умум 156 нафар ғолиб дониста шуда, аз ин шумора 26 нафар соҳиби ҷойи якум, 52 нафар ҷойи дуюм ва 78 нафар ҷойи сеюм гардиданд.
Озмун маълум намуд, ки сатҳи дониши хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа нисбат ба солҳои пешин хеле боло рафтааст ва холҳои гирифтаи онҳо шаҳодати ин аст. Аз тарафи дигар, муайян карда шуд, ки махсусан нисбат ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳ хеле зиёд шудааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






