БОҒҲОИ ИНТЕНСИВӢ. Дар Тоҷикистон аз майдони кам метавон ҳосили баланди босифат ба даст овард
ДУШАНБЕ, 23.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Боғдорӣ яке аз сердаромадтарин соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имконияти содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муайянро ишғол менамояд. Иқлими мусоиди минтақаҳои ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки аз ҳисоби ниҳолҳои серҳосил бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивиро зиёд намоем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 сентябри соли 2024 зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон аз боғҳои себ ва хучи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оби Ховалинг» боздид намуданд. Зимни шиносоӣ бо вазъи боғҳо Сарвари давлат ба хоҷагидорон барои васеъ кардани майдони боғҳои интенсивӣ, бо ин роҳ афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли мева, таъмини бозорҳои дохилӣ ва рушди содироти маҳсулот дастуру ҳидоятҳо доданд.
Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров аҳамият ва хусусияти боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивиро ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин шарҳ дод:
-Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи бунёди боғу токзор диққати ҷиддӣ дода мешавад. Зеро Тоҷикистон метавонад дар соҳаи боғпарварӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз беҳтаринҳо бошад. Моро зарур меояд, ки маҳсулнокиро на аз ҳисоби зиёд намудани майдонҳои боғ, балки аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокии дарахтони мевадиҳанда ва амалӣ намудани технологияи нави инноватсионӣ баланд бардорем.
Ба тавсияи мутахассисони соҳаи боғдорӣ, дар айни замон се намуди бунёди боғ: экстенсивӣ, интенсивӣ ва суперинтенсивӣ мавҷуд буда, дар боғҳои экстенсивӣ дар як гектар то 300- 350 дарахт ҷойгир карда мешавад. Дар боғҳои интенсивӣ дар як гектар то 1500 дарахт ҷойгир шуда, дар боғҳои суперинтенсивӣ то 5 ҳазор дарахт дар як гектар ҷой дода мешаванд.
Ҳадафи ташкили системаи нави инноватсионӣ он аст, ки аз майдони кам метавон ҳосили баланди босифат ба даст овард. Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, афзалияти боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ, пеш аз ҳама, таъмини зичии ғунҷоиши ниҳолҳо дар як гектар ба ҳисоб меравад. Ҳосилбандиаш низ барвақт шуруъ гардида, дарахтони донакдор то 25 – 30 тонна, тухмдор зиёда аз 70 тонна ҳосил медиҳанд. Баландии дарахт 2,5-3 метрро ташкил медиҳад.
Инчунин дар боғи интенсивӣ корҳои агротехникии башаклдарорӣ, буридан, чидани мева ва коркарди кимиёвӣ бар зидди касалиҳо, ҳашароти зараррасон осон ва пурра гузаронида мешаванд. Боғи интенсивӣ талаботи худро дорад, яъне бояд хоки боғи бунёдшаванда серғизо, ҳосилхез бошад, чунки тагпайванди дарахтон вегетативӣ, решаҳояшон патакреша буда, на он қадар чуқур ҷойгир аст.
Ба тавсияи боғпарварон, қабл аз бунёди боғ бояд қитъа, намуд, вазъи дарахтон ва таркиби химиявии хокро муайян кард. Дар вақти бунёди боғ таъсири манфии иқлимро ба ҳисоб гирифта, дар талу теппа ва дар баландии гуногун ҷойгир намудани навъҳои ба хунукии зимистон тобовар дар назар дошта шавад. Инчунин ба навъҳое бояд диққат дод, ки тобоварии табиии зиёд дошта бошанд. Самти ҷойгиршавии қатори дарахтони тавсияшавандаи бунёди боғ – шимолу ҷануб мебошад, ки ин усул барои бо рӯшноии хуб таъмин шудани дарахт мусоидат менамояд. Дар ин намуди бунёди боғ ниҳоли навъи гардолудкун дар як қатор бояд аз ҳар 7 қатори ниҳоли навъи асосӣ бо навъи дигар дар як вақт гулкунанда шинонида шавад.
Ҳикматулло Назиров иброз намуд, ки яке аз хусусияти боғи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ он аст, ки соли дуюм ҳосил медиҳад ва ҳосилнокии он то 13 ё 15 сол давом мекунад. Бартарии дигаре, ки дар парвариши боғи суперинтенсивӣ мушоҳида мегардад, ин усули обёрии қатравӣ мебошад, ки ба ин восита об то панҷ маротиба ва неруи барқ низ сарфа мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон даҳаи охири моҳи ноябр маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Фарҳод Раҳимӣ: «Рушди шаҳри Душанбе дар замони муосир ва нақши Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаклгирии фазои иҷтимоӣ ва маънавӣ»
Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
ЧУ ДИЛ ДАР СИНААМ ҶОӢ, ДУШАНБЕ… Симои пойтахти Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст
«Shohin Airlines» 4 ҳавопаймои силсилаи «Airbus A320neo» мехарад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ ЁДГОРИҲО ВА ҶОЙҲОИ ТАЪРИХӢ. Қалъаи Ҳисор таърихи зиёда аз 3000-сола дорад
НАҚШИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАШАККУЛИ СИМОИ НАВИ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҳамоиши намояндагони тиҷоратии давлатҳои БРИКС ва СҲШ баргузор гардид






