Бонувони Академияи миллии илмҳо бахшида ба Рӯзи Парчами Тоҷикистон иқдоми тарғиботӣ гузарониданд
ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Занону духтарони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти шиори «Рамзҳои муқаддаси давлатӣ-шаъну шарафи миллат» моҳи ноябрро даҳаи арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ эълон намуда, дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе ба сокинону меҳмонон Парчами давлатӣ туҳфа намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, мақсаду мароми иқдом — ифодаи меҳру муҳаббат ба рамзҳои муқаддаси миллӣ, ба ватани азиз ва шукргузорӣ аз сиёсати давлат ва Пешвои миллат мебошад.
Бо ифтихор аз рамзҳои давлатӣ занони академия иброз доштанд, ки «мо муҳимияти тарбияи ватандӯстию садоқат ба арзишҳои миллӣ, пайравӣ аз иқдоми созандаи Пешвои миллатро дуруст дарк намуда, содиқона ваъда медиҳем, ки тамоми неруи худро барои рушди неруи зеҳнӣ, илму маорифи миллӣ ва татбиқи идеяҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба насли пешқадам, хирадманд ва накухислат табдил додани духтарони тоҷик сарф менамоем».
Бояд гуфт, ки ҳар сол 24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳоло Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар радифи парчамҳои давлатии дигар кишварҳои олам дар созмонҳои бузурги байналмилалӣ парафшон мебошад. Ин ҳолат дар баробари эҳсоси ифтихор масъулияти ҳар фарди ҷомеаро баланд мебардорад.
Эҳтироми Парчами давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ ҳамчун рамзҳои муқаддаси давлати соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои пурифтихор ва қарзи виҷдонию инсонии ҳар шаҳрванд дар дохил ва хориҷи мамлакат ба ҳисоб меравад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон













ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






