Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами Тоҷикистонро ботантана ҷашн гирифтанд

Ноябрь 24, 2025 17:14

ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Парчами давлатӣ дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлатӣ ва нишонаи  соҳибихтиёрии миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун маҳсуб мешавад. Чунин иброз гардид зимни ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.

Иштирокдорони ҳамоиш изҳор доштанд, ки дар ҳама давру замон давлатдорон парчамро ҳамчун рамзи асосии давлатдорӣ мепиндоштанд ва чун сарҳад, забон ва фарҳанг муқаддас меҳисобиданд. Директори агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод иброз намуд, ки парчам рамзи давлату давлатдорӣ буда, шаҳрвандонро ба ҳимояи Ватан, зиндагии ором, сулҳу осоиштагӣ, рушду нумӯ ва таҳкими пояҳои соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ раҳнамун месозад. Парчам таҷассуми мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон ва саъю кӯшиши халқ барои сарсабзию хуррамии мамлакат мебошад.

Иштирокдорон аз моҳияти таърихию фарҳангӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи нангу номуси ватандӯстӣ ёдовар шуданд. Иброз гардид, ки Рӯзи Парчами давлатӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳушдор медиҳад, ки садоқати беҳамтои худро нисбат ба миллату давлат нишон дода, барои ободию рушд ва тараққии рӯзафзуни ин диёри биҳиштосо ғайратмандона меҳнат намоянд.

АКС: Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 24, 2025 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст