Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир карда шуд

Ноябрь 24, 2025 16:10

ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар он беш аз 50 ҳазор намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳр, кормандони идораю муассисаҳо, донишҷӯёну хонандагон ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Иштирокчиён бо парчамҳои давлатӣ, шиору овезаҳои ватандӯстона ва руҳияи баланди ифтихори миллӣ аз хиёбони Ваҳдат то назди майдони Парчами давлатӣ омаданд. Пас аз ҳамоиши идона дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмати тантанавии он доир шуд.

Парчами давлатии Тоҷикистон пайваста дар паҳлуи парчамҳои давлатҳои ҷаҳон дар майдонҳои байналмилалӣ парафшон мешавад. Ин мавқеи сазовор, эътироф ва ҷойгоҳу эътибори устувори мамлакати моро ҳамчун давлати соҳибистиқлолу дунявӣ нишон медиҳад.

Парчами давлатӣ яке аз муҳимтарину муқаддастарин рамзҳои давлатӣ буда, таҷассумгари таърихи ғанӣ, арзишҳои миллӣ ва муттаҳидсозандаи мардуми сарбаланди Тоҷикистон мебошад. Ин рамзи муқаддас ба мо неру, ифтихор ва масъулият бахшида, пайванди таърихии дирӯз, имрӯз ва фардои миллати тоҷикро таҷассум мекунад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

 

 

Ноябрь 24, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд