Дар Брюссел ҷаласаи 11-уми Шурои ҳамкории Тоҷикистон — Иттиҳоди Аврупо доир шуд
ДУШАНБЕ, 21.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр дар шаҳри Брюссел ҷаласаи 11-уми Шурои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Нишаст таҳти ҳамраисии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр Константинос Комбос баргузор шуд.
Аснои чорабинӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди муколамаи сиёсӣ, вазъи мушорикати тиҷоратию иқтисодӣ ва имконоти ҷалби сармоягузориро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон дар ҷараёни гуфтушунид масъалаҳо марбут ба рушди «сабз», пайванди нақлиётӣ ва рақамӣ, ҳамкорӣ дар самти истихроҷу коркарди ашёи хоми муҳим, ҳифзи муҳити зист ва ҳуқуқи инсон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон ба масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ ва минтақавии мавриди алоқа таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Ҷаласа дар фазои созанда баргузор шуда, ҷонибҳо барои идомаи муколама ва таҳкими ҳамкории минбаъда изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






