Дар Брюссел ҳамкории фарогири Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар мавзуъҳои таҳкими марз баррасӣ шуд

Ноябрь 19, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр  дар шаҳри Брюссел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои дохилӣ ва муҳоҷират Магнус Бруннер мулоқот анҷом дод.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкории фарогири Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро дар мавзуъҳои таҳкими марз ва муқовимат ба чолишҳои амниятӣ, аз қабили муборизаи муштарак бо терроризм ва экстремизм баррасӣ намуданд.

Бо инобати мароми ҷонибҳо дар бобати ба сатҳи шарикии стратегӣ баровардани ҳамкории минтақавӣ, таҳкими иртибот, содагардонии раванди дарёфти раводид ва танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар меҳвари гуфтугӯ қарор дошт.

Муколамаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ бо Агентии ҳифзи марзи сарҳадӣ ва соҳилии Иттиҳоди Аврупо (FRONTEX) ва Дафтари афсари тамоси аврупоӣ дар умури бозпасгардонии шаҳрвандон дар минтақаи Осиёи Марказӣ (EURLO) баланд арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо барои идомаи ин равобит изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

Ноябрь 19, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд