Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.
Ректори донишгоҳ Шероз Муминзода иброз дошт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солҳои истиқлолият чун рамзи ваҳдату муттаҳидӣ ва нишонаи ифтихору шарафи миллӣ собит гардидааст, таърихи пурғановати давлатсозии тоҷикон, фарҳанги волои адабию маънавӣ ва ормонҳои созандаю созгорро таҷассум мекунад.
Имрӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ, илмию технологӣ ва фарҳангӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад, Парчами миллӣ барои ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳамчун омили асосии худшиносию худогоҳӣ, рамзи ваҳдати миллию субот ва сарчашмаи ифтихору масъулият хизмат мекунад. Он моро ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, устувории сулҳ ва меҳнати софдилона барои пешрафти Ватан даъват менамояд.
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омодасозии мутахассисони рақобатпазир, соҳибдонишу соҳибмаърифат ва ватандӯст фаъолияти худро таҳким мебахшад.
«Мо ифтихор дорем, ки донишгоҳ имрӯз ба яке аз марказҳои муҳими таҳсилоти олӣ табдил ёфта, барои ҷавонони болаёқат имконоти фарохи илмӣ, методӣ, ташкилию эҷодӣ ва муҳити солими донишандӯзӣ фароҳам месозад. Зери Парчами давлатӣ, ки рамзи шараф, садоқат ва масъулият мебошад, садҳо донишҷӯёну ҷавонони мо ба зинаҳои нави комёбиҳо қадам гузошта, барои ободии Тоҷикистон саъю кӯшиш менамоянд»,- илова намуд Шероз Муминзода.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки шинохти муқаддасоти миллӣ чун Парчами давлатӣ ҳар фарди ҷомеаро ба сӯи муттаҳидӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ роҳнамоӣ намуда, садоқати ҳар нафарро ба ин марзу бум меафзояд ва озими амалҳои нек мегардонад. Ҳар шаҳрванди тоҷик вазифадор аст, ки Парчами давлатии мамлакатро эҳтиром намуда, ба ин муқаддасот арҷ гузорад, зеро арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ эҳтиром ба миллат ва давлати хеш мебошад.
Зимни маҷлиси тантанавӣ як зумра кормандону устодон ва донишҷӯён — ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои варзишии донишгоҳӣ бо Диплом, Ифтихорнома, Сипоснома ва шаҳодатномаҳои ҳизбӣ қадршиносӣ гардиданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, чоршанбе, 147-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд






