Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 07.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13-14 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа ҳайатҳои парламентии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон иштирок хоҳанд кард.
Дар ҷаласа роҳбарону вакилони парламентҳои давлатҳои аъзо масъалаҳои таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ, тавсеаи заминаҳои қонунгузорӣ ва таъмини амнияти минтақавиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Ҳамчунин дар ҳамоиш оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории байнипарламентӣ мубодилаи афкор доир мегардад.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






