Дар Душанбе аввалин Муколамаи стратегӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин баргузор гардид

Ноябрь 22, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 22.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи нахустини Муколамаи стратегӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни гуфтушунидҳо, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва дӯстии анъанавӣ сурат гирифтанд, вазирон аҳаммияти татбиқи саривақтии тавофуқоти бадастомадаи роҳбарони ду кишвар дар солҳои 2024–2025, инчунин санадҳои дуҷонибаи ба имзо расида дар натиҷаи ин мулоқотҳои сатҳи олӣ таъкид намуданд.

Инчунин сатҳи баланди ҳамкорҳои ҳамаҷонибаи стратегии ду кишвар дар самтҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба рушду тақвияти ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи судманд дар тамоми соҳаҳои авлавиятнок, аз ҷумла тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, соҳаи аграрӣ, иқтисоди рақамӣ ва тиҷорати электронӣ, технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ, экология ва иқтисоди сабз, амният ва дигар самтҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Дар доираи Муколамаи стратегӣ роҳҳои рушди баъдӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Дар навбати худ, ҷониби Тоҷикистон таъкид намуд, ки айни замон раванди баррасии созандаи масъалаи имзои «Конвенсия дар бораи таъсиси созмони Байналмилалии миенаравӣ» аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Дар фарҷом вазирони корҳои хориҷӣ Изҳороти муштараки нишасти нахустини Муколамаро ба имзо расониданд.

Механизми Муколамаи Стратегӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ дар асоси мувофиқаҳои бадастомада байни сарони кишварҳои Тоҷикистону Чин ва Ёддошти тафоҳуми байни вазоратoҳи корҳои хориҷии ду кишвар оид ба таъсиси механизми ҳамкориҳои вазирони корҳои хориҷии ду кишвар, ки моҳи июни соли 2025 ба имзо расида буд, таъсис гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 22, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд