Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон Форуми сеюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор мегардад

Ноябрь 20, 2025 10:20

ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон (20 ноябр) ва Рӯзи ҳифзи ҳуқуқи инсон (10 декабр) Форуми сеюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак дар мавзуи «Пешбурди ҳуқуқи кӯдак ва тақвияти ҳамкорӣ дар ин самт» баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Форум таҳти ҳамоҳангии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, корпусҳои дипломатии муқими кишвар, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назар дошта шудааст.

Дар оғози форум аз ҷониби ҷавонон таҳти унвони «Рӯзи ман, ҳуқуқи ман!» 3 навори видеоӣ вобаста ба моҳияти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак пешниҳод мегардад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола, дар аксари давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон 20 ноябр бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдак чорабиниҳои гуногуни иттилоотиву маърифатӣ гузаронида мешаванд.

Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ба давлатҳо пешниҳод намуд, то ягон рӯз ҳамчун рӯзи кӯдакон ҷашн гирифта шавад. Созмон мехост, ин сана рӯзе бошад, ки ба фаъолият оид ба таъмини беҳбудии кӯдакон бахшида шавад. 20 ноябри соли 1959 СММ Эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва пас аз 30 сол- 20 ноябри соли 1989 санади муҳими байналмилалӣ — Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд ва ин рӯз, 20 ноябр Рӯзи байналмилалии кӯдакон эълон гардид.

Мақсади таҷлили ин сана дар он аст, ки диққати ҳамагон ба фаъолият оид ба таъмини шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон дар тамоми ҷаҳон ҷалб карда шавад.

Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ таҳти сиёсати инсондӯстонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро муҳим шуморида, соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба имзо расонид.

Бояд гуфт, ки соли равон аз батасвиб расидани ин Конвенсия 32 сол сипарӣ гардид. Соли 2016 бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд, ки барои беҳтар намудани вазъи риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон заминаи комилан нав фароҳам овард.

Мавриди тазаккур аст, ки дар Тоҷикистон барои таъмини эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак заминаи зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда шудааст. Соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул гардид, ки он асосҳои озодии ҳифзи ҳуқуқи кӯдаконро дар кишвар ба танзим медарорад.

Ҳамчунин барои боз ҳам беҳтар намудани раванди таълиму тарбияи кӯдакон, таҳкими робита байни ҷомеа, муассисаи таълимӣ ва падару модарон, ҳимояи кӯдакон аз ҳама гуна зӯроварии хонаводагӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардида, баҳри татбиқи онҳо тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

Ҷиҳати рушди ҳунар, завқи баланди эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фаро гирифтан ба таҳсил, нигоҳубин ва ғамхории пайвастаи кӯдакон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, махсусан Президенти кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, пайваста дар амал тадбиқ мегарданд. Аз ҷумла, ба самти таҳсилоти томактабӣ, ки ба ояндаи кӯдак нақши муҳим мебозад, таваҷҷуҳи махсус равона гардидааст. Бо назардошти ин рушди таҳсилоти томактабӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки фаъолият қарор дода шудааст.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 супориш доданд, ки: «дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошта барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синни томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таъмин карда шавад». Айни замон дар мамлакат «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020–2025» амалӣ гардида, лоиҳаи нави он барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 20, 2025 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Лагери истироҳатию солимгардонии «Саодат» 360 кӯдакро ба истироҳат фаро гирифт
494 нафар донишҷӯ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи аъло хатм намуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба даҳаи миллии дастгирии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» иқдоми таблиғотӣ идома дорад
Моҳи охири фасли тобистон дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 1 дараҷа баланд мешавад
Дар Тоҷикистон соли 2026 ҳаҷми маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бештар гардидааст
БАРНОМАИ РУШДИ РОҲНАМОИ КАСБ. Татбиқи он имкон медиҳад, ки шумораи аҳолии бо ҷойи кор таъминшуда ҳамасола 2-2,2 фоиз афзоиш ёбад
«ЧИЛ ДУХТАРИ ТОҶИК БО ЧИЛ ГЕСӮИ ДАРОЗ». Таҳти ин унвон намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Шумораи аҳолии машғул ба фаъолияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид