Дар Душанбе густариши робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Фаронса баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл вохӯрӣ намуд, ки зимни он ҷонибҳо густариши ҳамкории байнипарламентиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд, дар вохӯрӣ иброз гардид, ки қисмати ҷудонашавандаи робитаҳои Тоҷикистон ва Фаронсаро ҳамкории байнипарламентӣ ташкил медиҳад. Бо мақсади танзими ин раванд гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Парламенти Ҷумҳурии Фаронса таъсис ёфтааст. Ин сохтор дар мубодилаи таҷрибаи қонунгузорӣ, рушди муколамаи байнипарламентӣ ва таҳкими эътимоди мутақобил нақши муҳим мебозад.
Таъкид гардид, ки ҳамкории судманд байни Тоҷикистону Фаронса дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, ЮНЕСКО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ самтҳои афзалиятнок — дипломатияи об, тағйирёбии иқлим, рушди устувор ва ҳифзи муҳити зистро фаро мегирад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






