Дар Душанбе густариши робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Фаронса баррасӣ гардид

Ноябрь 18, 2025 16:21

ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мавсума Муинӣ  бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл вохӯрӣ намуд, ки зимни он ҷонибҳо густариши ҳамкории байнипарламентиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд, дар вохӯрӣ иброз гардид, ки қисмати ҷудонашавандаи робитаҳои Тоҷикистон ва Фаронсаро ҳамкории байнипарламентӣ ташкил медиҳад. Бо мақсади танзими ин раванд гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Парламенти Ҷумҳурии Фаронса таъсис ёфтааст.          Ин сохтор дар мубодилаи таҷрибаи қонунгузорӣ, рушди муколамаи байнипарламентӣ ва таҳкими эътимоди мутақобил нақши  муҳим мебозад.

Таъкид гардид, ки ҳамкории судманд байни Тоҷикистону Фаронса дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, ЮНЕСКО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ самтҳои афзалиятнок — дипломатияи об, тағйирёбии иқлим, рушди устувор ва ҳифзи муҳити зистро фаро мегирад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 18, 2025 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид