Дар Душанбе масъалаи ғизои мактабӣ мавриди баррасӣ қарор дорад

Ноябрь 21, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 21.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр  дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ғизои мактабӣ -сармоягузорӣ ба насли миллати солим» Форуми дуюми байналмилалии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ғизои мактабӣ оғоз гардид, ки то 22 ноябр идома меёбад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд,  аз соли 1999 инҷониб Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ғизои мактабӣ дар ҷумҳурӣ ҳамкорӣ менамояд.

Ҳоло зиёда аз 440 000 нафар мактаббачагон дар 2000 мактаби 52 шаҳру ноҳия тавассути ин барнома ҳамарӯза бо хӯроки гарм таъмин мегарданд. Инчунин дар ҷумҳурӣ «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» амалӣ мешавад.

Рушди ҳамаҷониба, ҳифзи саломатӣ ва тарбияи насли наврас самтҳои асосии сиёсати давлат дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил боқӣ монда, ғизои мактабӣ омили муҳими ташаккули тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад. Ин омил ба беҳтар шудани нишондиҳандаҳои хониш мусоидат намуда, рушди ҷисмонию зеҳнии хонандагонро дастгирӣ мекунад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 21, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид