Дар Душанбе озмоишгоҳи геотермалӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи геотермалӣ ба истифода дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ин озмоишгоҳ ба омӯзиш ва арзёбии захираҳои гармии зеризаминӣ машғул мебошад. Дар озмоишгоҳ ҳарорат ва хосияти обҳои зеризаминӣ таҳлил карда мешавад, иқтидори геотермалӣ муайян мегардад, таркиби минералӣ ва газҳои ҳамроҳ санҷида ва технологияҳои истифодаи гармии зеризаминӣ озмуда мешавад. Ин озмоишгоҳ барои рушди энергетикаи тоза ва устувор аҳамияти муҳим дорад.
Озмоишгоҳ дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои гармидиҳии зеризаминӣ» дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи Акитаи Ҷопон сохта шудааст.
Директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Анвар Қодиров иброз намуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин омӯзишро дар асоси барномаҳои байналмилалии «Танзими ҳарорат дар бино бо истифода аз иқтидори зеризаминӣ» амалӣ менамояд. Ин давраи омӯзиши озмоишгоҳи геотермалӣ дар шакли пӯшида мебошад. Баъди як соли фаъолият муяйян карда мешавад, ки ин система то чӣ андоза иқтидори гармидиҳӣ ва хунуккуниро бо истифодаи обҳои зеризаминӣ иҷро мекунад. Ин технология ба рушди устувор, иқтисодиёт ва рушди экосистема равона гардидааст.
Энергияи геотермалӣ инчунин барои гармкунӣ ва хунуккунии биноҳо истифода бурда мешавад. Насосҳои гармии геотермалӣ ҳарорати муътадили заминро барои гарм кардан ё хунук кардани фазоҳо самаранок истифода мебаранд, ки ин энергияро сарфа карда, партовҳоро коҳиш медиҳад.
Дар шароити тағйирёбии иқлим гузаштан ба энергияи гармидиҳӣ ва хунуккунии геотермалии муфид ба рушди устувори соҳаи энергетика равона гардидааст.
Бо истифода аз захираҳои геотермалии Тоҷикистон имкон аст, ки ояндаи устувор ва «сабз» эҷод гардад. Энергияи геотермалӣ ҳамчун энергияи «сабз», яъне аз ҷиҳати экологӣ тоза барои рушди устувори сайёра муфид мебошад.
Бояд гуфт, ки бо истифода аз гармии ядрои Замин энергияи геотермалӣ метавонад вобастагӣ аз истихроҷи маҳсулоти сӯзишворӣ ва воридоти неруи барқро коҳиш дода, муҳити зистро беҳтар намояд.
Ба иттилои мутахассисон, энергияи геотермалӣ манбаи бардавом ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи энергияе аст, ки аз гармии табиии дохили замин истифода мебарад. Ин энергия аз гармии ядрои Замин- аз сабаби энергияи радиоактивӣ ва фаъолияти геологӣ ба даст меояд. Онро барои гарм кардани хонаҳо, ҳавзҳо ва парандахонаҳо, инчунин барои истеҳсоли барқ дар шароити геотермалӣ дар неругоҳҳои барқӣ метавон истифода бурд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






