Дар Хадамоти гумрук бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 23.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин хадамот.
Таъкид гардид, ки «Парчами давлатӣ рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои дурахшони мардуми Тоҷикистон аст. Арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст. Зеро Парчам як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат мебошад».
«Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки имрӯз дар қатори дигар кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон мебошад. Парчами давлатӣ ҳамеша шаҳрвандонро ба ифтихори миллӣ, таҳкими ваҳдат, ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва ободии Ватан раҳнамун месозад»,-таъкид гардид дар ҳамоиш.
Иштирокдорон ёдрас шуданд, ки ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз хурду бузурги мамлакат бо ифтихори ватандӯстӣ парчамҳои давлатиро дар нақлиёт, хонаҳои истиқоматӣ, корхонаю муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият парафшон менамоянд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд






