Дар Хоруғ ба шарафи Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон –шаҳри Хоруғ аз назди Боғи Ғалаба то майдони Исмоили Сомонӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Дар ҳамоиш сокинони гуногункасб, аз ҷумла варзишгарон, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна, омӯзгорону аҳли зиё, кормандони соҳаҳои тандурустию фарҳанг, занону ҷавонони фаъол иштирок намуда, эҳтироми Парчамро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварданд.
Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии идона низ баргузор шуд. Иброз гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи Истиқлолияти давлатӣ барои мо азизу муътабар буда, таҷлили ин сана дар радифи дигар ҷашнҳои миллию давлатӣ боиси ифтихор ва эътибору шарафи мардуми меҳанпарасти тоҷик аст.
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашни умумимиллӣ табдил ёфт, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон маҳсуб мешавад.
АКС: Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






