Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе Маркази омӯзиши забони олмонӣ таъсис дода мешавад

Ноябрь 23, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 23.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Хосият Махсумова Маркази омӯзиши забони олмонӣ таъсис дода мешавад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Коллеҷи омӯзгорӣ хабар медиҳад, дар ин хусус 20 ноябр зимни вохӯрии роҳбарияти коллеҷ бо намояндагони ташкилоти TELC-и Ҷумҳурии Федеративии Олмон иттилоъ дода шуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба тақвияти ҳамкории байналмилалии муассисаҳои Олмон ва Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ табодули афкор намуданд.

Директори коллеҷ Зоир Ғафурӣ оид ба фаъолияти муассиса ва ҷараёни омодакунии мутахассисони ихтисоси забони олмонӣ маълумот дод.

Меҳмонон инчунин бо раванди омӯзиши забони олмонӣ, синфхонаҳои забони англисӣ ва забони чинии факултети забонҳои хориҷии коллеҷ шинос шуда, ба сатҳи омодагӣ, маҳорати суханварӣ ва донишу забондонии донишҷӯён аз забонҳои олмонӣ, англисӣ, чинӣ ва русӣ баҳои баланд доданд. Намояндагони ташкилоти TELC изҳор доштанд, ки дар оянда дар коллеҷ Маркази омӯзиши забони олмонӣ таъсис дода мешавад.

Иброз шуд, ки чунин марказҳо дар оянда дар дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ низ ба роҳ монда мешаванд.

АКС: Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Хосият Махсумова

 

Ноябрь 23, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид