Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин корхона.
Дар ҳамоиш иброз шуд, ки Рӯзи Парчами давлатӣ аз ҷумлаи ҷашнҳое мебошад, ки симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Рамзҳое, ки дар Парчами Тоҷикистон интихоб шудаанд, ҳар кадоме мазмуну муҳтавои амиқ доранд, ки дар онҳо, агар аз як тараф, гузаштаи мамлакати мо, яъне принсипи таърихият ба эътибор гирифта шуда бошад, аз тарафи дигар, меросбарии арзишҳои фарҳангию ахлоқӣ, маънавию илмӣ ва арзишҳои дигаре, ки дар гузашта мавҷуд буданду имрӯз мо ба онҳо арҷ мегузорем, ифода ёфтаанд.
«Парчами миллӣ рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш, талош ба хотири ҳаёти арзанда ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ ҳидоят менамояд», — таъкид шуд дар ҷараёни ҳамоиш.
Гуфта шуд, ки ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул ва вазифадор аст, ки Парчами давлатии мамлакатро эҳтиром намояд ва ба ин рукни муқаддас арҷ гузорад. Зеро, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ эҳтиром ба миллат ва давлати хеш мебошад.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»










Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






