Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ доир гардид

Ноябрь 21, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 21.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» дар 9 моҳи соли 2025» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Шермуҳаммад Шоҳиён ибироз намуд, ки мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин моддаҳои 36 ва 37-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси намояндагон иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро назорат менамояд.

Мақсади асосии муҳокимаи парламентӣ таҳлили ҳамаҷонибаи  нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти буҷет, баррасии самаранокии сиёсати молиявии давлат ва муайян намудани омилҳои таъсиргузор ба иҷрои нишондиҳандаҳои буҷет мебошад.

Гуфта шуд, ки дар шароити кунунӣ, ки иқтисоди ҷаҳонӣ таҳти таъсири омилҳои берунӣ ва дохилӣ қарор дорад, буҷети давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо воситаи маблағгузории хароҷоти давлатӣ, балки фишанги муҳимми татбиқи сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими суботи макроиқтисодӣ мебошад.

Дар ҷаласа ба мақомоти дахлдор тавсия дода шуд, ки истифодаи мақсадноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ, тақвияти интизоми молиявӣ ва баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатиро дар иҷрои буҷет таъмин намоянд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор раванди иҷрои буҷетро дар ҳамоҳангӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимӣ нигоҳ медорад.

Аз рӯйи масъалаи муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» дар 9 моҳи соли 2025»  тавсияҳои дахлдор қабул карда шуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 21, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид