Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 21.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» дар 9 моҳи соли 2025» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Шермуҳаммад Шоҳиён ибироз намуд, ки мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин моддаҳои 36 ва 37-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси намояндагон иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро назорат менамояд.
Мақсади асосии муҳокимаи парламентӣ таҳлили ҳамаҷонибаи нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти буҷет, баррасии самаранокии сиёсати молиявии давлат ва муайян намудани омилҳои таъсиргузор ба иҷрои нишондиҳандаҳои буҷет мебошад.
Гуфта шуд, ки дар шароити кунунӣ, ки иқтисоди ҷаҳонӣ таҳти таъсири омилҳои берунӣ ва дохилӣ қарор дорад, буҷети давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо воситаи маблағгузории хароҷоти давлатӣ, балки фишанги муҳимми татбиқи сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими суботи макроиқтисодӣ мебошад.
Дар ҷаласа ба мақомоти дахлдор тавсия дода шуд, ки истифодаи мақсадноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ, тақвияти интизоми молиявӣ ва баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатиро дар иҷрои буҷет таъмин намоянд.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор раванди иҷрои буҷетро дар ҳамоҳангӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимӣ нигоҳ медорад.
Аз рӯйи масъалаи муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» дар 9 моҳи соли 2025» тавсияҳои дахлдор қабул карда шуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид






