Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов нақшаи истеҳсоли пахта 100 фоиз иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 23.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи тасдиқшуда, соли равон кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд дар масоҳати 4695 гектар пахта кишт намуданд. Онҳо 12 ҳазору 532 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ба 100,02 фоиз баробар аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ҷаббор Расулов хабар доданд.
Деҳқонони ноҳия аз аввали мавсим фаъолнокӣ нишон дода, аз пешсафони маъракаи пахтачинӣ буданд. Бо меҳнати шабонарӯзии хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ва саҳмгузории ҳашарчиён нақшаи истеҳсолӣ пурра иҷро карда шуд.
Бояд гуфт, ки пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегии ҷумҳурӣ дониста шуда, тавассути коркарди пахта зиёда аз 300 намуд маҳсулот истеҳсол мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






