Дар ноҳияи Ёвон парвариши лимӯ ва апелсин бо риояи талаботи зарурии агротехникӣ ба роҳ монда шудааст

Ноябрь 22, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 22.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода дар деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова бо вазъи умумии истеҳсол, раванди нигоҳдорӣ ва истифодаи усулҳои муосири агротехникӣ аз рафти фаъолияти гармхонаи истеҳсолии лимӯ ва апелсин шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.

Иттилоъ дода шуд, дар ин гармхонаҳо парвариши лимӯ ва апелсин бо истифода аз поруи табиӣ ва риояи талаботи зарурии агротехникӣ ба роҳ монда шудааст. Маҳз татбиқи ин усули солим ва иқтисодии парвариш имконият медиҳад, ки маҳсулоти тозаву табиӣ истеҳсол гардида, ҳамзамон ҳосилнокӣ баланд нигоҳ дошта шавад.

Раиси ноҳия зимни шиносоӣ бо фаъолияти гармхона ба кишоварзонро оид ба вусъат бахшидани майдони парвариши меваҳои субтропикӣ, баланд бардоштани сифати сабзаву меваҳои истеҳсолшаванда, истифодаи дурусти поруи табиӣ ва ҷалби мутахассисони соҳа вазифадор намуд.

Таъкид карда шуд, ки бо дастгириву тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон, имкониятҳои ноҳия дар самти рушди гармхонаҳо ва истеҳсоли меваҳои солим ба таври чашмрас васеъ гардида истодаанд. Бо назардошти талаботи бозор, зиёд намудани истеҳсоли лимӯ ва апелсин дар гармхонаҳо барои беҳбуди сатҳи таъминоти аҳолӣ ва густариши иқтидори содиротӣ аҳамияти хоса дорад.

Бояд гуфт, ки ин гармхона дар заминҳои лалмии  баландии кӯҳӣ ҷойгир буда, зироатҳои киштшуда бо истифода аз чоҳҳои амудӣ обёрӣ мегардад. Дар назди гармхона обанборҳо сохта, захираи об нигоҳдорӣ мешавад.

Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода аз фаъолияти масъулини соҳаи кишоварзӣ қадрдонӣ намуда, иҷрои саривақтии корҳои агротехникӣ, назорати қатъии саломатии ниҳолҳо ва истифодаи мақсадноки имкониятҳои мавҷудаи гармхонаҳоро муҳим арзёбӣ кард.

Ба андешаи мутахассисон, лимӯ ба хунукии сахт тобовор нест. Дар шароити Тоҷикистон лимӯ асосан бо ду тарз: дар лимӯхонаҳои зеризаминӣ-хандақҳо ва лимӯхонаҳои рӯизаминӣ-гармхонаҳо парвариш карда мешавад. Ин тарзҳо аз лиҳози парвариш, нигоҳубин, ҳосилнокӣ ва истифодаи техникаи кишоварзӣ аз ҳамдигар фарқ доранд. Афзалияти парвариши лимӯ дар хандақҳо он аст, ки зимистонгузаронии лимӯ аз ҳисоби гармии замин таъмин карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар гармхонаҳои рӯизаминӣ барои зимистонгузаронӣ манбаъҳои дигари гармидиҳӣ истифода мешаванд. Ҳосилнокӣ дар лимӯхонаҳои рӯизаминӣ-гармхонаҳо нисбат ба хандақҳо ду маротиба зиёдтар аст. Дар шароити Тоҷикистон ҳафт намуди лимӯ парвариш карда шуда, онро аз қаламча зиёд мекунанд.

Барои зимистонгузаронӣ ҳарорати дохили гармхона бояд аз +4+5 то +8+10 дараҷа мусбат бошад, то муғҷаҳои ҳосилдиҳандаи онро сармо назанад. Мавсими гулкунии лимӯ охири моҳи феврал ва март оғоз ёфта, давраи пухта расидани ҳосилаш моҳҳои октябр-ноябр мебошад. Барои пухта расидани лимӯ дарахти он бояд 3500-4000 дараҷа гармиро қабул намояд.

Лимӯи тоҷикӣ яке аз меваҳои содиротии Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат буда, онро метавон чун бренди тоҷикӣ эътироф кард. Зеро лимӯи тоҷикӣ аз лиҳози лаззат, тунукии пӯст, ранг, намуди зоҳирӣ ва таркиби биохимиявиаш аз дигар намудҳо бартарӣ дорад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2024  «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул гардид. Дар доираи татбиқи ин барнома,  беш аз 113 гектар боғҳои ситрусӣ бунёд мегарданд. Ин боғҳо дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ бунёд мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Ноябрь 22, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд