ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт табақаи ниёзманд дастгирӣ меёбад

Ноябрь 19, 2025 16:40

РАШТ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар робита ба дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии табақаҳои ниёзманд бо дастгирии Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода ба сокини деҳаи Ҳоити Ҷамоати деҳоти Ҳоити ноҳия Гулбарг Ҳанифова, ки соҳиби ду фарзанди нимятим мебошад, манзили истиқоматӣ туҳфа гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.

Модари ин фарзандони ятим, ки имкони бунёд намудани хонаи истиқоматиро надошт,  дар ҷавоб ба ин ҳама ғамхорию хайрхоҳӣ миннатдорӣ баён намуд. Ӯ иброз дошт, ки  «Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо, ниёзмандонро ҳамеша дастгирӣ менамоянд. Зери сиёсати ин шахсияти бузурги таърих ва ғамхори ятимону камбизоатон роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт барои кӯдакони ятими ман шароити зиндагии хуб муҳайё намуданд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ман фарзандонамро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия карда, ба онҳо касбҳои сазовор меомӯзонам, то дар оянда ҳамчун фарзандони баруманд ба халқу ватан хизмат намоянд».

Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, дар деҳаҳои  Воринг ва Ҳисораки Ҷамоати деҳоти Ясмани ноҳия бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дарвозаи даромадгоҳи деҳа, корхонаҳои хурди истеҳсоли панҷара, хишти сементӣ, пенаблок, сафолак ва Маркази савдои “Абдураҳим” мавриди истифода қарор дода шуданд.

Зимни ифтитоҳи ин иншоот раиси ноҳияи Рашт иқдоми хайрхоҳонаи соҳибкорони муваффақро чун дастгирии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ободонии ҳар гӯшаи мамлакат арзёбӣ намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Ноябрь 19, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид