Дар шаҳри Даҳва ҷалби маблағгузории Қатарӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 06.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябр дар шаҳри Даҳваи Давлати Қатар мулоқоти Вазирони молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар Файзиддин Қаҳҳорзода ва Алӣ бин Аҳмад Ал — Куварӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҷалби маблағгузории Қатарӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, бахусус Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ намуданд.
Вазири молияи Тоҷикистон вобаста ба рушди иқтисодии мамлакат, бахусус нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар маълумоти муфассал пешниҳод намуда, аҳамияти стратегӣ ва раванди сохтмони лоиҳаи афзалиятноки кишвар — НБО “Роғун” -ро муаррифӣ намуд.
Ҳамзамон, нақши лоиҳаи мазкур дар таъмини амнияти энергетикии натанҳо Тоҷикистон, балки минтақаи Осиёи Марказӣ, афзоиши иқтидори содироти нерӯи барқ ва таъсири иҷтимоию иқтисодӣ таъкид гардида, даъват ба амал оварда шуд, ки ниҳодҳои дахлдори Давлати Қатар ҷиҳати идомаи сохтмони иншооти НБО «Роғун» маблағгузории иловагӣ намоянд.
Вазири молияи Қатар омодагии худро ҷиҳати мусоидат ба мақомоти дахлдори Қатарӣ, аз ҷумла Фонди Қатар оид ба рушд (QFFD) ва Бонки Қатарии рушд (QDB) барои маблағгузорӣ намудан ба лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, махсусан НБО Роғун, баён намуд.
Бояд таъкид намуд, ки Фонди Қатар оид ба рушд дар баробари 12 ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ дар идомаи сохтмони НБО “Роғун” сармоягузорӣ намудааст.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






