Дар шаҳри Дюсселдорф барномаи фарҳангии тоҷикон баргузор гардид

Ноябрь 20, 2025 13:21

ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони муқими Олмон «Пайванди тоҷикони Олмон» дар шаҳри Дюсселдорф ҳамоиши  фарҳангӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд, дар ин ҳамоиш, ки инчунин ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, беш аз 1200 нафар меҳмонон аз саросари Олмон, Лаҳистон, Чехия ва дигар кишварҳои аврупоӣ иштирок намуданд. Дар баробари ҳамватанон дӯстдорони фарҳанги тоҷикӣ аз миллатҳо ва кишварҳои гуногуни аврупоӣ дар ҳамоиш ҳузур доштанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, сулҳу субот ва рушди устувори мамлакат таъкид намуд. Дар суханронӣ инчунин аҳаммияти ҳифзи арзишҳои миллӣ, тақвияти робитаҳои фарҳангии ҳамватанони бурунмарзӣ ва саҳми ҷавонон дар муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ иброз шуд.

Дар ин барномаи сатҳи баланд ҳунарпешаҳои маъруфи Тоҷикистон бо иҷрои таронаҳои гуногун ҳунару маҳорати худро ба намоиш гузоштанд, ки аз ҷониби ҳозирин гарм истиқбол гардид.

Дар доираи ҳамоиш аз ҷониби тарроҳ Фарида Саидова намоиши либосҳои миллӣ баргузор шуда, намудҳои либосҳои миллӣ ва зебои фарҳанги тоҷикӣ муаррифӣ гардиданд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Олмон

Ноябрь 20, 2025 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид