Дар шаҳри Ваҳдат «Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» баргузор гардид

Ноябрь 24, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр дар Ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқи шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода «Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» ва муаррифии дастовардҳои соҳаи чорводорӣ баргузор гардид. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини  Маҳмуд хабар медиҳад.

Дар фестивал намудҳои гуногуни чорвои хурду калон  аз филиали Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Маркази биотехнологияи чорвои Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Зотпарвар»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии минтақавии ноҳияи Шаҳринав оид ба парвариши зоти гӯсфанди ҳисорӣ, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои тиҷоративу истеҳсолӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ба намоиш гузошта шуданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода зимни суҳбат бо хоҷагидорон ва масъулин чорводориро яке аз бахшҳои муҳим ва афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки соҳаи чорводорӣ солҳои охир бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд ёфта, саршумор ва истеҳсоли маҳсулоти соҳа афзун мегардад. Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 ноябри соли 2025 дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2,8 миллион сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 1,5 миллион сар модагов, 31 400 сар қутос, 7,5 миллион сар гӯсфанду буз ва 94,4 ҳазор сар асп, 13,7 миллион сар паранда ва зиёда аз 265 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад. Дар ин давра 292,6 ҳазор тонна гӯшт ва 853 ҳазор  тонна шир, 42 ҳазор тонна гӯшти паранда, 8,5 ҳазор тонна пашм ва 4 ҳазор тонна асал истеҳсол карда шудааст. Тибқи таҳлилҳо, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 саршумори чорвои калон 120 ҳазор сар, аз ҷумла модагов 84 ҳазор сар, гӯсфанду буз 360 ҳазор сар, асп 3,6 ҳазор сар, истеҳсоли гӯшт 26 ҳазор  тонна ва шир 20 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Чорводорӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки кишоварзӣ ба шумор рафта, дар таъмини амнияти озуқавории аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла гӯшту шир ва соҳаи саноат бо ашёи хом мавқеи назаррас дорад. Аз ҷумла, пешрафти зотпарварӣ ва зиёд намудани чорвои калони зотӣ, хушзотгардонии чорвои мавҷуда ва баланд бардоштани маҳсулнокии чорвои колону моли майда дар афзун гардонидани истеҳсоли гӯшту шир мавқеи муҳим дорад. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 80 хоҷагии зотпарварӣ фаъолият дорад, ки дар он зотҳои гуногуни чорвои шохдори калону майда ва аспу паранда, занбӯри асалу моҳӣ ва харгӯш парвариш мешаванд.

Дар фарҷом як зумра фаъолон ва кормандони соҳа бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 24, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид