Дар шаҳри Вашингтон Бизнес-Конфронси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 баргузор гардид

Ноябрь 7, 2025 23:24

ДУШАНБЕ, 07.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябр дар шаҳри Вашингтон Бизнес-Конфронси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 баргузор гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣроҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва гуруҳисоҳибкорони муваффақи кишвар намояндагӣ карданд.

Қабл аз оғози Бизнес — конфронс дар макони махсуси Маркази Кеннедӣ намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид. Дар гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаҳои расму оин, фарҳангу тамаддун ва дигар дастовардҳои мардуми тоҷик ба маъраз гузошта шуд.

Бизнес — конфронси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дарбахшҳои алоҳида баргузор гардид ва намояндагони доираҳои соҳибкории кишвари мо зимни суханронӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадор, имконоти ҷалби сармоя ба бахшҳои гуногуни кишвари мо, табодули таҷриба дар самти рақамикунонӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, робитаҳо дар соҳаи технологияҳои муосир ва ғайра андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла, олими ҷавон Азизҷон Азимӣ зимни суханронии худ дар бораи имконоти ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ва аҳамияти зеҳни сунъӣ дар замони муосир андешаронӣ намуд.

Гуфта шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ҳамешагии Ҳукумати кишвар барои истифодаи васеъ ва самараноки зеҳни сунъӣ бодарназардошти аҳамияти он тадбирҳои мушаххас амалӣ мегардад.

Дар бизнес-конфронс, ҳамчунин, дар бораи сарватҳои табиии Тоҷикистон ҳамчун заминаи устувор барои рушди соҳибкорӣ ва тиҷорат андешаронӣ сурат гирифт.

Таваҷҷуҳи иштирокдорони Бизнес — конфронси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба самтҳои дигар ва судбахши ҳамкорӣ бо кишвари мо, аз ҷумлаистифодаи иқтидору имконоти бахшҳои саноатикуҳкорӣ, металлургия, сабук, хӯрокворӣ, кимиё, дорусозӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ҷалб карда шуд.

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои ояндадор номида шуда, таъкид гардид, ки Тоҷикистони кӯҳсор бо табиати зебо, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии худ барои рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ васолимгардонӣ  имкониятҳои фаровон дорад.

Тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ, бахусус дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузории мустақим, илму техника ва рақамикунонӣ ба манфиати кишварҳои иштирокдори бизнес-конфронс дониста шуд.  

Ноябрь 7, 2025 23:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд