Дар ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе филиали кафедраи электроэнергетикаи Коллеҷи техникӣ таъсис дода шуд

Ноябрь 20, 2025 15:12

ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе филиали кафедраи электроэнергетикаи факултети энергетика ва нақлиёти Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Коллеҷи техникӣ хабар медиҳад.

Филиали кафедра дар асоси шартномаи дутарафаи ҳамкории Коллеҷи техникӣ ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» барои гузаронидани дарсҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзии таълимӣ-шиносоӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯёни шуъбаи рӯзонаи ихтисосҳои соҳаи энергетика таъсис дода шуд.

Минбаъд донишҷӯёни факултети энергетика ва нақлиёт барои гузаронидани дарсҳои сайёр, амалӣ ва озмоишӣ ва ҳама гуна таҷрибаомӯзиҳо дар низоми таълими дуалӣ ба филиал ҷалб карда мешаванд.

Дар филиали кафедра синфхонаи тахассусии муҷаҳҳаз бо тамоми воситаҳои методии техникӣ, либоси махсуси таълимӣ ва асбоби аёнӣ ташкил карда шудааст, ки ба таълими амалии донишҷӯён мусоидат менамояд.

АКС: Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе

Ноябрь 20, 2025 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид