Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 22.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Чин намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии ҳунармандони чинӣ пешниҳоди тамошобинон ва меҳмонон гардонида мешавад.
Дар назар аст, ки дар доираи рӯзҳо вохӯрии вазирони фарҳанги ду давлат доир гардад. Инчунин меҳмонон мавзеъҳои фарҳангӣ-таърихии шаҳри Душанберо тамошо мекунанд. Ҳамзамон меҳмонон ба шаҳри Бохтар сафар намуда, ба сокинони он барномаи фарҳангӣ пешниҳод менамоянд.
Муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Чин ба манфиатҳои дарозмуддати ду мамлакат ва мардуми онҳо ҷавобгӯ буда, ба таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва дипломатӣ мусоидат менамоянд.
Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Чин дар асоси «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг» ва Барномаи мубодилаи фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ карда мешавад.
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин солҳои 2008, 2013, 2019, 2025 ва Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон солҳои 2007 ва 2014 баргузор шудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид






