Дар Вашингтон имкони роҳандозии парвозҳои мустақим байни Тоҷикистон ва ИМА баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 07.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вохӯрии директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо муовини директори Идораи федералии авиатсияи граждании ИМА Кристен Гатлин баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла таҳияи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико «Оид ба алоқаи ҳавоӣ» ва бунёди парвозҳои мустақим байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва техникӣ барои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи авиатсияи гражданӣ мубодилаи афкор намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки 4 ноябр низ дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар вохӯрии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Давлати Қатар Муҳаммад Фалеҳ Ал Ҳаҷрӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани парвозҳои доимӣ дар самти Душанбе–Давҳа, парвозҳои боркашонӣ (карго) ва рушди бизнес-авиатсияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






