Дар Вазорати адлия Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид

Ноябрь 21, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 21.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати кормандон ҳамоиши илмию назариявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён иброз намуд, ки Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзую ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

«Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки мардуми шарафманди тоҷик давоми беш аз се даҳсола бо парчами парафшони худ зери сиёсати бунёдкоронаю созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи матин ва азми қавӣ дар роҳи бунёдкорию созандагӣ гомҳои устувор гузоштаанд. Бо итминон метавон гуфт, ки мо ҳама зери ин парчам сарҷамъ шуда, Ватани азизи худро боз ҳам ободу зебо менамоем»,-тазаккур дод Вазири адлия.

Гуфта шуд, ки асосҳои ҳуқуқӣ ва таърихии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз арзишҳои конститутсионӣ, анъанаҳои давлатдорӣ ва фарҳанги ғании миллӣ сарчашма гирифтаанд. Парчам рамзи ифтихор, ваҳдат, сулҳ ва истиқлол буда, ҳамчун нишонаи расмии давлати тоҷикон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва байналмилалӣ вазифаи муҳим ба анҷом мерасонад.

Дар ҳамоиш ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Собирзода баён дошт, ки Парчами миллӣ ифодаи иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстию ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

«Парчами давлатӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии мамлакати зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон мебошад. Он бо тобиши се ранг: ранги сурх – озодию истиқлол, ранги сафед – сулҳу оромӣ, ранги сабз – ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагию асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳию қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад»,-гуфт Исфандиёр Собирзода.

Дар ҷараёни ҳамоиши идона ба як зумра кормандон рутбаҳои дараҷавӣ тақдим гардиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 21, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид