Душанбе мизбони ҷаласаи Шурои электроэнергетикии кишварҳои ИДМ мегардад
ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 20 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 67-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати Шурои электроэнергетикии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба уҳда дорад.
Дар кори ҷаласа вазирони энергетикаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, раиси Кумитаи иҷроияи Шурои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, муовини Котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, муовини Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай ва ширкатҳои энергетикии давлатҳо ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок менамоянд.
Дар назар аст, ки пагоҳ дар ҷаласа механизми амалии рушди ҳамкории кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай, ҳолати мувофиқасозии лоиҳаи “Стратегияи рушди комплекси сӯзишворӣ-энергетикии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои то соли 2035” (дурнамо барои соли 2050), раисии Шурои ҳамоҳангсозии назди Шурои электроэнергетии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






