ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Фархор ҳамоиши илмию амалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 28.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар ноҳияи Фархор ҳамоиши илмию амалии минтақавӣ баргузор гардид. Ҳамоиш дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2024 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дода буданд, инчунин вазифаҳое, ки Пешвои миллат дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 октябри соли 2025 бо назардошти омилҳои пешгӯинашаванда, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он барои ҷамъоварии беталафи ҳосил, суръатбахшӣ ба кишти тирамоҳӣ, истифодаи оқилонаю самараноки ҳар порча замин баён доштанд, доир шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳадафи баргузории ҳамоиш аз таҳлилу баррасии дарёфти роҳу усулҳои нави кишти тирамоҳии зироати кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо, зироати равғандиҳанда дар заминҳои лалмӣ ва таъмини сифати шудгор иборат буд.
Иброз гардид, ки татбиқи технологияҳои муосир, вусъатбахшӣ ба кишти тирамоҳӣ ва расонидани ёрии машваратию амалӣ ба хоҷагидорон ба интихобу парвариши навъҳои тезрасу серҳосил ва ба касалию зараррасонҳо устувори зироати кишоварзӣ мусоидат мекунад.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода зимни ҳамоиш оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми бахшҳои соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки обу замин, риояи агротехникии кишту парвариш, амалӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, истифодаи тухмиҳои хушсифат, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, таъмини бозорҳои истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти худӣ ва кам кардани воридот ба масъулин тавсияҳои мушаххас доданд.
Олимон ва мутахассисони соҳа самтҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи самараноки заминҳо, технологияи кишти тирамоҳии зироати ғалладонагӣ, пешниҳоди тухмиҳои баландсифат, ворид намудани нуриҳои маъданӣ, агротехникаи парвариши зироати ғалладонагӣ дар заминҳои лалмии аз бориш таъмин ва доир ба дигар масъалаҳо тавсияҳо пешниҳод намуданд.
Барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- таъмини амнияти озуқаворӣ кишти тирамоҳии зироати ғалладонагӣ, бахусус парвариши гандум дар кишти тирамоҳӣ нақши муҳим дорад. Мустаҳкам намудани робитаи илм бо истеҳсолот, вусъат бахшидани технологияи парвариши кишти тирамоҳии зироати кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии он масъалаи муҳим ва тақозои замона мебошад.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд






