Китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» бо 7 забон тарҷума ва нашр гардид
ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аз соли 2022 ба тарҷума ва нашри китоби мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» шуруъ намуда, то имрӯз ҷилди аввали ин китобро бо 7 забон ва ҷилди дуюмро бо 3 забони тадрисшавандаи муассиса- русӣ, англисӣ, чинӣ, фаронсавӣ, куриёӣ, арабӣ ва ҳиндӣ тарҷума ва нашр намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз рӯйи нусхаи тоҷикӣ ва тарҷумаҳои ин китоб, омӯзгорон ба донишомӯзони донишгоҳ дарс медиҳанд. Дар назар аст, ки ҳар ду ҷилди китоб бо 13 забони тадрисшавандаи донишгоҳ тарҷума ва нашр гардад.
Тарҷумаҳои китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» ба муаррифии забону фарҳанги миллати тоҷик ба оламиён мусоидат карда, саҳми арзишманду мондагор мегузорад.
Китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» воқеан ҳам дар ҳамбастагӣ ба ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба забони модарӣ навишта шудааст. Ин китоб маротибаи дигар бо далелҳои муътамад ва суханони баланду дилписанд бузургию тавоноӣ ва таърихи пуршарафи забони модарии моро собит менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» ба таври пайдарпай решаҳои гузашта, таҳаввул ва ба мушкилиҳо дучор шудани забонро дар партави таърих мавриди баррасӣ қарор додаанд. Дар китоб роҷеъ ба пайдоиши тоҷикон ва забони онҳо дар асоси манбаъҳои илмӣ изҳори назар гардида, дар айни замон ба ҳудуди густариши он низ ишорат шудааст.
Маълум мешавад, ки забони тоҷикӣ дар гузаштаҳо аз баҳри Миёназамин то Чин забони байналмилалӣ будааст. Дар раванди нигориш Пешвои миллат ба навиштаҳои пажӯҳандагони шарқию ғарбӣ такя намуда, ҳар гуфтаашонро бо далелҳои илмӣ асоснок намудаанд.
Китобҳои ҷилди якум ва дуюми «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохти забони тоҷикӣ, таърихи тайнамуда, хизматҳои он дар рушди тамаддуну фарҳанги миллати куҳанбунёд ва паҳлуҳои гуногуни забони тоҷикӣ маълумоти муфассал медиҳанд.
Ин асарҳои мондагор хонандаро водор месозанд, ки забони модариро ҳамчун неъмати пурарзиш ва муқаддаси таърихии миллат шиносад ва ба он арҷу эҳтиром гузорад. Солҳо мегузаранд ва қимати ин гуна китобҳо бештар ва муҳимияти он зиёдтар мешавад. Зеро ин асарҳо оинаеанд, ки дар он мо гузашти вақт, мавҷудияти забон ва ташаккули он, муборизаҳои фарзандони фарзонаро барои зиндаву ҷовидон мондани забони модарӣ баръало мебинем.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






