Масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баррасӣ гардид

Ноябрь 13, 2025 14:50

ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ аз ҷониби филиали «Шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» дар даҳ моҳи соли 2025 ва ҷараёни иҷрои супоришҳои комиссияи кории доимамалкунанда аз 19 июни соли 2025 оид ба истифодаи ғайриқонунӣ ва ғайримақсадноки неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баррасӣ гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, прокуророну сардорони раёсатҳои корҳои дохилӣ ва сардорони шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Таъкид шуд, ки талафоти неруи барқ бештар дар шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Норак, Файзобод, Шаҳринав ва Рӯдакӣ ба назар мерасад, ки аз меъёр зиёд мебошад. Гуфта шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ реҷаи ҷоригардидаи маҳдудияти неруи барқ риоя намегардад. Аз ҷумла, аз баъзе иншооти муҳим, ки доимо бо неруи барқ таъминанд, ба деҳаҳои атроф хатҳои озод кашида шудаанд.

Таъкид гардид, ки сатҳи об дар обанбори «Норак» нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 беш аз 2  метр кам гардидааст, ки ин ташвишовар аст. Ин ҳолат роҳбарону масъулини комплекси энергетикии мамлакатро водор менамояд, ки дар самти истифодаи самаранок ва сарфакоронаи неруи барқ тадбирҳои муҳим андешанд ва бемасъулиятӣ зоҳир накунанд.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ба ғайр аз иншооти муҳими дорои аҳамияти стратегӣ, инчунин дар муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва маориф бояд реҷаи ҷоригардидаи неруи барқ риоя гардад.

Дар ҷаласа вобаста ба ҷараёни иҷрои супоришҳои қаблан дар ҷаласаи комиссияи корӣ додашуда вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида дар фаъолияти филиали Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Азимзода ва Директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сорбон Холмуҳаммадзода гузориш доданд.

Гуфта шуд, ки мақомоти прокуратура назорати прокурориро дар самти истифодаи неруи барқ дар ҷумҳурӣ пурзӯр гардонидааст. Ин аст, ки ҳаҷми ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ дар соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 1 миллиарду 342 миллион сомонӣ зиёд гардидааст.

Инчунин оид ба фаъолияти Шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар даҳ моҳи соли 2025 ва вобаста ба бартараф намудани камбудиҳо ва иҷрои супоришҳои дар ҷаласаи қаблӣ додашуда Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» Маноҷ Салви ҳисобот дод.

Ҳамчунин вазъи воқеии зеристгоҳҳои барқӣ, омилҳои асосии афзоиши талафоти неруи барқ, нишондиҳандаҳои тиҷоратӣ, қарздорӣ, ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда, аз меъёри муқарраргардида зиёд истифода бурдани неруи барқ таҳлил карда шуд.

Таъкид шуд, ки аз ҳисоби намояндагони мақомоти марбутаи мамлакат гурӯҳи корӣ ташкил гардад ва назорат дар самти истифодаи неруи барқ, ошкор намудани камбудию норасоиҳо ва саҳлангорӣ дар самти истифодаи неруи барқ дар шаҳру навоҳии атрофи пойтахт пурзӯр карда шавад. Инчунин нисбат ба роҳбарони шабакаҳои барқ ва муовинони онҳо, нозир ва назоратчиёне, ки аз уҳдаи вазифа намебароянд, чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 13, 2025 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд