МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Чӣ гуна ангиштро дуруст истифода барем, то хатари заҳролудшавиро пешгирӣ кунем?

Ноябрь 23, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 23.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо бо хунук шудани ҳаво ва фаро расидани фасли зимистон сокинони деҳот ва минтақаҳои дурдаст барои гарм кардани хонаҳояшон аз ангишт истифода мебаранд. Барои аксар сокинони мамлакат ангишт яке аз воситаҳои дастрас ва маъмул барои гармидиҳӣ ба ҳисоб меравад. Зеро дастрасӣ ба барқ, газ ё дигар сӯзишворӣ дар маҳалҳои дурдаст маҳдуд аст. Ҳарчанд ангишт метавонад гармиро таъмин кунад ва дар фасли сармо ҳаёти мардумро осон гардонад, вале истифодаи нодуруст ва беэҳтиётона нисбат ба он метавонад оқибатҳои хеле хатарнок дошта бошад.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми истифодаи ангишт барои гарм намудани хона аввал бояд бухории мувофиқ интихоб намуд. Инчунин талаботи ҳавокашии қубури дудбаро бояд ба инобат гирифта шавад. Ҳангоми истифодаи ангишт ҳавои хонаҳо бояд мунтазам иваз карда шуда, шабона ворид гаштани ҳавои тоза таъмин гардад. Мутаассифона, баъзе одамон ба қоидаҳои дуруст истифода бурдани ангишт эътибор намедиҳанд.

Риояи талаботи истифодаи дурусти ангишт

Тибқи  тавсияи мутахассисон, пеш аз истифода бурдани ангишт барои гармидиҳии манзил шаҳрвандон бояд якчанд талаботи муҳимро ба назар гиранд. Зеро на ҳар бухорӣ барои истифодаи ангишт мувофиқ аст. Бисёре аз бухориҳое, ки дар деҳот истифода карда мешаванд, барои сӯзишвории дигар (масалан, ҳезум) сохта шудаанд ва дар мавриди сӯзонидани ангишт хатари ихроҷи газ ва дуд ба хона зиёд мешавад. Насби бухорӣ бояд аз ҷониби мутахассиси соҳа анҷом дода шавад, то кафолати амният таъмин гардад.

Агар дар дохили бухорӣ ангишти носӯхта боқӣ монад, беҳтар аст он комилан хомӯш карда шавад. Зеро оташ метавонад шабона ба таври оҳиста бисӯзад ва гази карбон хориҷ кунад. Дар бисёре аз ҳолатҳо заҳролудшавӣ маҳз шабона рух медиҳад. Аз харидорӣ намудани ангишти пастсифат, ки миқдори зиёди моддаҳои ифлоскунанда дорад, худдорӣ кунед. Зеро он миқдори зиёди газҳо ва заррачаҳои хатарнокро ба ҳаво хориҷ мекунад.

Дудбаро бояд пайваста тоза карда шавад. Агар кашиши дудбаро суст бошад, дуди бухорӣ ба дохили хона ворид шуда, боиси ихроҷи гази заҳрнок мегардад. Ҳамчунин бояд мунтазам ба хона, махсусан шабона ҳавои тоза ворид шавад. Ин роҳи самараноки коҳиши эҳтимолии заҳролудшавӣ мебошад.

Таъсири дуди ангишт ба саломатии инсон

Ба иттилои мутахассисони соҳа, аксар ҳолатҳои заҳролудшавии мардум дар фасли сармо маҳз бо газҳои хатарноке ба вуҷуд меоянд, ки ҳангоми сӯхтани ангишт ба ҳаво хориҷ карда мешаванд. Аз ҷумла, монооксиди карбон (CO) — гази беранг ва бебӯй, вале хеле заҳрнок яке аз манбаъҳои асосии заҳролудшавии шадиди нафасӣ мебошад. Он ба гемоглобини хун мепайвандад ва интиқоли оксигенро қатъ мекунад. Диоксиди сулфур (SO₂) ва оксидҳои нитроген (NOₓ) боиси илтиҳоби роҳҳои нафас ва сулфаи музмин мешаванд. Заррачаҳои майда (PM2.5) ба шуш ворид шуда, ба гардиши хун гузашта, саломатии дилу раг ва мағзро халалдор месозанд. Моддаҳои саратонзо (PAH) низ сабабгори саратонҳои роҳҳои нафас ва узвҳои дохилӣ мегарданд.

Дуди ангишт барои саломатии инсон хатари ҷиддӣ дорад. Он на танҳо ҳаворо ифлос мекунад, балки метавонад сабаби марг низ гардад. Рӯй овардан ба усулҳои бехатари гармидиҳӣ ва нигоҳ доштани тозагии ҳаво — кафили ҳаёти солим ва муҳити зисти тоза аст. Аз ин рӯ дар ҳама ҳолат инсон бояд эҳтиёткор бошад. Эҳтиёткорӣ кафили амнияти ҷонӣ ва саломатии инсон мебошад.

Нишонаҳои заҳролудшавӣ аз дуди ангишт

Нишонаҳои умумии заҳролудшавӣ ё таъсири манфии моддаҳои хатарнок ба организми инсон дард ва чарх задани сар, хоболудӣ, беҳолӣ, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, душвории нафаскашӣ ва дар ҳолатҳои шадид беҳушшавӣ мебошанд.

Аз ин рӯ мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки дар навбати аввал шахси заҳролудшударо бояд ба ҳавои кушод бароред. Тирезаю дарҳоро кушоед ва воридшавии ҳавои тозаро таъмин намоед. Ба рақамҳои 03 ё 112 занг занед. Агар шахс беҳуш бошад, ӯро ба паҳлу хобонида, роҳҳои нафасро боз нигоҳ доред.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 23, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
35 СОЛИ ПУР АЗ ШАРАФ, ПИРӮЗӢ, ДАСТОВАРД ВА ИФТИХОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Дар рӯзи имтиҳонҳои дохилшавӣ чӣ бояд кард?
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР СОҲАИ ТИБ. Истиқболи донишмандон ва табибони Эрон аз ташаббуси Президенти Тоҷикистон
Исломиддин Раҳмон: «Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳми арзишманд мегузорад»
Ваҳдати миллӣ шарти асосии ҳифз, таҳким ва пойдории истиқлолият гардид
ҚОНУН «ДАР БОРАИ АВФ». Санади 18-уми башардӯстонае мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо намудаанд
Профессори Донишгоҳи байналмилалиии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон: «Сарвари давлати моро дар арсаи байналмилалӣ чун «Меъмори дипломатияи об» мешиносанд»
Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Дилшод Сафарзода: «Яке аз дастовардҳои муҳими Ваҳдати миллӣ эҳё ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад»
РӮЗИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ. Дар Тоҷикистон ташкили ин ниҳод яке аз дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ мебошад
Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд: «Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ беназир аст»
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ТАҲКИМБАХШИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ