МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Консерваҳои сарпӯшашон дамида ва зангзадаро набояд истеъмол кард
ДУШАНБЕ, 16.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо фарорасии фасли сармо талабот ба маҳсулоти консервашуда зиёд мегардад. Пеш аз он, ки конверваро истеъмол намоед, аввал ба намуди он хуб диққат диҳед, то дар он хирашавии моеъ, ҳубобчаҳо ё мағор мавҷуд аст ё не? Сипас таъми онро хуб чашед, ки дар он маззаи туршӣ ё ягон маззаи бад мавҷуд ҳаст ё не. Консерваҳои сарпӯшашон дамида ва зангзадаро набояд истеъмол кард. Пеш аз харидории консерваҳои тайёр ба он бояд аҳамияти ҷиддӣ дод. Чунин иброз намуд директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Малоҳат Ҳикматуллоҳзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки агар зарфи консерва кушода шуда бошад ва истеъмол нашавад, он бояд дар шароити яхдон нигоҳ дошта шавад. Консерваи кушода набояд аз се рӯз зиёд нигоҳдорӣ шавад. Набояд фаромӯш кард, ки маҳсулоти консервашуда ғизои тозакардашуда аст. Инчунин ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бодиққат бояд буд, зеро дар ҳолати вайрон будани ин гуна маҳсулот одамон метавонанд ба бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз ҷумла бемории ботулизм гирифтор шаванд.
«Истифодаи маҳсулоти нодурусту дар шароити хона консервашуда ва риоя нагардидани шароити нигоҳдории он хатари гирифторӣ ба бемории ботулизмро зиёд мекунад. Маҳсулоти гӯштии сироятёфта низ метавонад сарчашмаи пайдоиши бемории ботулизм гардад. Беш аз ҳама, ботулизми ғизоӣ ҳангоми истеъмоли хӯришҳои консервашуда аз маҳсулоти сабзавотии туршиашон паст, аз қабили помидор, бодиринг, боимҷон, лаблабу, нахӯди сабз ва занбӯруғҳо, ки нокифоя пухта ва тамиз карда шудаанд, мушоҳида мегардад»,-гуфт Малоҳат Ҳикматуллоҳзода.
Ботулизм — заҳролудшавии шадиди сироятӣ аз хӯрок буда, бинобар аз таъсири ботулотоксин осеб ёфтани мағзи дарозрӯя ва ҳароммағз пайдо мешавад. Он бештар бо бартарии синдроми фалаҷи чашм ва майнаи дарозрӯя амалӣ мегардад. Инчунин он хатарнок буда, сабаби марги инсон мегардад. Ҳангоми ба ин беморӣ гирифтор шудан ба системаи асаб таъсири манфӣ расида, қобилияти биноӣ, нутқ, фурӯбарӣ ва дигар узвҳои нафаскашӣ халалдор мегардад.
Ботулизм заҳролудшавиест, ки аз нейротаксини боқувват токсини ботулинӣ ба амал меояд. Токсини ботулинӣ ба бадани одам тавассути ғизои сироятёфта меафтад. Бемории ботулизм аз одам ба одам намегузарад. Токсини ботулизм аз ҳама боқуваттарин дар байни токсинҳои бактериалӣ буда, барои одам 1 микрограмми (0,001 мкг) он марговар маҳсуб мешавад.
Аломатҳои ботулизм одатан давоми 12-36 соат пас аз истеъмоли ғизои токсиндор пайдо мешаванд, вале ҳолатҳое ҳам ба назар мерасанд, ки аломатҳо пас аз 4 соат ё 8 рӯзи пас аз сироятшавӣ пайдо гардидаанд. Аломатҳои аввалин хастагӣ, бемадорӣ, сарчархзанӣ, дилбеҳузурӣ, дарди сар, тирашавии пеши чашмон, хушкшавии даҳон, душворшавии фурӯбарӣ, сухангӯӣ ва фалаҷшавии мушакҳо мебошад.
Вобаста ба дараҷаи хуруҷи беморӣ мумкин аст, ки беқувватӣ дар гардан пайдо шуда, баъдан мушакҳои узвҳои нафаскашӣ ва мушакҳои қисмати поёнии бадан осеб бинанд. Фалаҷ метавонад аз душвории нафаскашӣ то ба фавти бемор оварда расонад.
Аз ин рӯ тавсия дода мешавад, ки шаҳрвандон пеш аз истеъмоли консерваҳои дар шароити хона тайёр кардашуда ва ё маҳсулоти дудпази консерваҳои гӯштӣ, моҳӣ ва сабзавотӣ, инчунин ҳасибҳо бояд ба онҳо диққати ҷиддӣ диҳанд. Консерваҳои сарпӯшашон дамида ва зангзадаро истеъмол нанамоянд. Пеш аз харидории консерваҳои тайёр ба он аҳамияти ҷиддӣ бояд дод.
АКС аз манбаъҳои боз








НОРАСОИИ НЕРУИ БАРҚ-МУШКИЛИИ МИҚЁСИ ҶАҲОНӢ. Сабаби асосии он тағйироти иқлим ба ҳисоб меравад
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – ҲИЗБИ ВАҲДАТОФАР. Андешаҳои вакилони Маҷлиси намояндагон оид ба таъсиси ҳизб
Панелҳои офтобӣ дар таъмини энергияи «сабз» чӣ аҳамият доранд?
Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ барои солҳои 2025-2030» татбиқ мегардад
5 ДЕКАБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВОЛОНТЁРОН. Бахшида ба ин рӯз дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
Дар мавзуи «Эъломияи Куруши Кабир – аввалин Эъломияи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон» конфронс доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми рушди малакаҳои касбӣ ва маориф дар Филиппин иштирок намуд
«ЗАН ВА ЗАМОН: 26 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир шуд
ФАРМОНЕ, КИ БОИС БА САОДАТИ ЗАНОН ГАРДИД. Андешаҳо дар мавриди он ки ҳуқуқи зан ҷузъи ҷудонопазири ҳуқуқи башар маҳсуб мешавад
Конференсияи илмӣ-амалӣ ба нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат бахшида шуд
Соҳибкорзанони Тоҷикистон лоиҳаҳои худро дар намоишгоҳи «WomenCup–2025» муаррифӣ намуданд
Масъалаи таҳкими ҳамкории илмӣ байни Тоҷикистон ва Барномаи минтақавии Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






