МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Консерваҳои сарпӯшашон дамида ва зангзадаро набояд истеъмол кард

Ноябрь 16, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 16.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо фарорасии фасли сармо талабот ба маҳсулоти консервашуда зиёд мегардад. Пеш аз он, ки конверваро истеъмол намоед, аввал ба намуди он хуб диққат диҳед, то дар он хирашавии моеъ, ҳубобчаҳо ё мағор мавҷуд аст ё не? Сипас таъми онро хуб чашед, ки дар он маззаи туршӣ ё ягон маззаи бад мавҷуд ҳаст ё не. Консерваҳои сарпӯшашон дамида ва зангзадаро набояд истеъмол кард. Пеш аз харидории консерваҳои тайёр ба он  бояд аҳамияти ҷиддӣ дод. Чунин иброз намуд директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Малоҳат Ҳикматуллоҳзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки агар зарфи консерва кушода шуда бошад ва истеъмол нашавад, он бояд дар шароити яхдон нигоҳ дошта шавад. Консерваи кушода набояд аз се рӯз зиёд нигоҳдорӣ шавад. Набояд фаромӯш кард, ки маҳсулоти консервашуда ғизои тозакардашуда аст. Инчунин  ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бодиққат бояд буд, зеро дар ҳолати вайрон будани ин гуна маҳсулот одамон метавонанд ба бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз ҷумла бемории ботулизм гирифтор шаванд.

«Истифодаи маҳсулоти нодурусту дар шароити хона консервашуда ва риоя нагардидани шароити нигоҳдории он хатари гирифторӣ ба бемории ботулизмро зиёд мекунад. Маҳсулоти гӯштии сироятёфта низ метавонад сарчашмаи пайдоиши бемории ботулизм гардад. Беш аз ҳама, ботулизми ғизоӣ ҳангоми истеъмоли хӯришҳои консервашуда аз маҳсулоти сабзавотии туршиашон паст, аз қабили помидор, бодиринг, боимҷон, лаблабу, нахӯди сабз ва занбӯруғҳо, ки нокифоя пухта ва тамиз карда шудаанд, мушоҳида мегардад»,-гуфт  Малоҳат Ҳикматуллоҳзода.

Ботулизм — заҳролудшавии шадиди сироятӣ аз хӯрок буда, бинобар аз таъсири ботулотоксин осеб ёфтани мағзи дарозрӯя ва ҳароммағз пайдо мешавад. Он бештар бо бартарии синдроми фалаҷи чашм ва майнаи дарозрӯя амалӣ мегардад. Инчунин он хатарнок буда, сабаби марги инсон мегардад. Ҳангоми ба ин беморӣ гирифтор шудан ба системаи асаб таъсири манфӣ расида, қобилияти биноӣ, нутқ, фурӯбарӣ ва дигар узвҳои нафаскашӣ халалдор мегардад.

Ботулизм заҳролудшавиест, ки аз нейротаксини боқувват токсини ботулинӣ ба амал меояд. Токсини ботулинӣ ба бадани одам тавассути ғизои сироятёфта меафтад. Бемории ботулизм аз одам ба одам намегузарад. Токсини ботулизм аз ҳама боқуваттарин дар байни токсинҳои бактериалӣ  буда, барои одам 1 микрограмми (0,001 мкг) он  марговар маҳсуб мешавад.

Аломатҳои ботулизм одатан давоми 12-36 соат пас аз истеъмоли ғизои токсиндор пайдо мешаванд, вале ҳолатҳое ҳам ба назар мерасанд, ки аломатҳо пас аз 4 соат ё 8 рӯзи пас аз  сироятшавӣ  пайдо гардидаанд. Аломатҳои аввалин хастагӣ, бемадорӣ, сарчархзанӣ, дилбеҳузурӣ, дарди сар, тирашавии пеши чашмон, хушкшавии даҳон, душворшавии фурӯбарӣ, сухангӯӣ ва фалаҷшавии мушакҳо мебошад.

Вобаста ба дараҷаи хуруҷи беморӣ  мумкин аст, ки беқувватӣ  дар гардан пайдо шуда, баъдан мушакҳои узвҳои нафаскашӣ  ва мушакҳои қисмати поёнии бадан осеб бинанд. Фалаҷ метавонад аз душвории нафаскашӣ  то ба фавти бемор оварда расонад.

Аз ин рӯ тавсия дода мешавад, ки  шаҳрвандон пеш аз истеъмоли консерваҳои дар шароити хона тайёр кардашуда ва ё маҳсулоти дудпази консерваҳои гӯштӣ, моҳӣ ва сабзавотӣ, инчунин ҳасибҳо бояд ба онҳо диққати ҷиддӣ диҳанд. Консерваҳои сарпӯшашон дамида ва зангзадаро истеъмол нанамоянд. Пеш аз харидории консерваҳои тайёр ба он  аҳамияти ҷиддӣ бояд дод.

АКС аз манбаъҳои боз

 

 

Ноябрь 16, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ЗАМИНАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳои Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Исломиддин Раҳмон: «Омӯзиши Конститутсия ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ мусоидат менамояд»
Дилором Абдураҳимзода: «Занон дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини адолати судӣ саҳми арзанда мегузоранд»
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Қабули Конститутсия марҳалаи муҳимми рушди давлатдории муосири тоҷикон аст