Мавсума Муинӣ дар ҷаласаи Муколамаи занон – неруи тавонои Осиёи Марказӣ иштирок намуд

Ноябрь 13, 2025 16:50

ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи Муколамаи занон – неруи тавонои Осиёи Марказӣ  баргузор гардид, ки дар он  муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Мавсума Муинӣ   иброз намуд, ки муколамаи занон майдони муҳимми минтақавӣ барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, табодули таҷриба ва пешбурди масъалаҳои баробарҳуқуқӣ ва иштироки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёт гардидааст.

«Барои мо, намояндагони парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ин муколама аҳаммияти хосса дошта, инъикосгари ҳадафҳои кишварҳои мо дар татбиқи Эъломияи Пекин ва Платформаи амал, инчунин Уҳдадорӣ ба Рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор мебошад, ки дар маркази он инсон, оила ва некӯаҳволии ҷамъиятӣ қарор доранд. Ин вохӯрӣ шаҳодати равшани он аст, ки ҳамкорӣ ва ҳамбастагии занон – неруи тавонои минтақа барои сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳои мо заминаи устувор мебошад»,-изҳор намуд Мавсума Муинӣ.

Таъкид шуд, ки баланд бардоштани нақши занон дар Осиёи Марказӣ на танҳо омили рушди ҷомеа, балки гарави сулҳу субот ва рушди иқтисодӣ буда, муколамаи мазкур ҳамбастагӣ ва ҳамкории занонро ба сатҳи нав мебарад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаҳои таъмини ҳуқуқу имконияти баробари занону мардонро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ баррасӣ менамояд. Таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон  маҷмуи тадбирҳое, ки ба густариши иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа равона шудаанд, пайваста амалӣ карда мешаванд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 13, 2025 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид