Мавсума Муинӣ дар ҷаласаи Муколамаи занон – неруи тавонои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи Муколамаи занон – неруи тавонои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки муколамаи занон майдони муҳимми минтақавӣ барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, табодули таҷриба ва пешбурди масъалаҳои баробарҳуқуқӣ ва иштироки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёт гардидааст.
«Барои мо, намояндагони парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ин муколама аҳаммияти хосса дошта, инъикосгари ҳадафҳои кишварҳои мо дар татбиқи Эъломияи Пекин ва Платформаи амал, инчунин Уҳдадорӣ ба Рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор мебошад, ки дар маркази он инсон, оила ва некӯаҳволии ҷамъиятӣ қарор доранд. Ин вохӯрӣ шаҳодати равшани он аст, ки ҳамкорӣ ва ҳамбастагии занон – неруи тавонои минтақа барои сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳои мо заминаи устувор мебошад»,-изҳор намуд Мавсума Муинӣ.
Таъкид шуд, ки баланд бардоштани нақши занон дар Осиёи Марказӣ на танҳо омили рушди ҷомеа, балки гарави сулҳу субот ва рушди иқтисодӣ буда, муколамаи мазкур ҳамбастагӣ ва ҳамкории занонро ба сатҳи нав мебарад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаҳои таъмини ҳуқуқу имконияти баробари занону мардонро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ баррасӣ менамояд. Таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон маҷмуи тадбирҳое, ки ба густариши иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа равона шудаанд, пайваста амалӣ карда мешаванд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






