Дар Донишкадаи санъати театрии Русия намоиши театрии «Ҷавонии Мушфиқӣ» баргузор шуд

Ноябрь 20, 2025 09:17

ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр дар Донишкадаи санъати театрии Русия (ГИТИС) дар доираи Фестивали VIII театрии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «ГИТИС мастер-класс» намоиши театрии «Ҷавонии Мушфиқӣ» аз рӯи асари шоир ва драматург Тимур Зулфиқоров баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш намояндагони Вазорати фарҳанги Русия, роҳбарияти ГИТИС, доираҳои илмию эҷодӣ, аз ҷумла шоирону нависандагон, олимону муҳаққиқон, устодон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ, инчунин тоҷикони муқими Федератсияи Русия иштирок намуданд.

Дар фестивал донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, ки зери роҳбарии ҳунарманди Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  Шуҷоат Асадуллозода намоиши театрии «Ҷавонии Мушфиқӣ»-ро  ба саҳна гузоштаанд, иброз намуданд, ки тоҷикон дорои таъриху фарҳанг, ҳунари воло ва соҳибкитобу соҳибтамаддун мебошанд.

Чорабинӣ дар фазои гарму дӯстона доир шуд. Меҳмонон бо шарофати ин маҳфил бо фарҳангу адабиёти волои халқи тоҷик бештар шинос шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 20, 2025 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд