Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Ташаббуси СММ 80 иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва Раиси Шурои иҷроияи ЮНИСЕФ Ҷонибек Ҳикмат дар ҷаласаи роҳбарони шуроҳои иҷроияи ЮНИСЕФ, СММ-занон (UN-Women), Барномаи Рушди СММ/Фонди аҳолии СММ/Дафтари СММ оид ба лоиҳа ва хизматрасониҳо (UNDP/UNFPA/UNOPS) ва Барномаи ҷаҳонии озуқа (WFP) оид ба Ташаббуси СММ 80 иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд, дар ҷаласа, ки ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ дар бинои ЮНИСЕФ дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, ҳамраисони гурӯҳи кории ғайрирасмӣ оид ба Баррасии иҷрои мандатҳо (Workstream 2)- Брайан Уоллес, намояндаи доимии Ямайка ва Кэролин Швалгер, намояндаи доимии Зеландияи Нав дар Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд.
Нишаст роҳбарони шуроҳои иҷроия ва намояндагони сохторҳои Созмони Милали Муттаҳидро ба ҳам оварда, аҳдофи пешниҳодҳо ва Нақшаи амали Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба Ташаббуси СММ 80-ро баррасӣ намуд. Иштироккунандагон роҷеъ ба ҷанбаҳои асосии раванди ислоҳот, аз ҷумла тақвияти ҳамоҳангсозии гуманитарӣ, густариши хадамоти муштарак ва беҳтарсозии ҳамгироии маълумот дар тамоми низоми Созмони Милали Муттаҳид мубодилаи афкор намуданд.
Намояндаи доимии Тоҷикистон зарурати пешбурди ислоҳоти амалию муассирро таъкид намуда, нақши ЮНИСЕФ-ро дар ҳамраисӣ ва пешбурди корҳои марбут ба маълумоти ягонаи низоми Созмони Милали Муттаҳид дар асоси Нақшаи амал иброз дошт.
Ҷонибек Ҳикмат аҳамияти идомаи ҳамкории густурда байни ниҳодҳо ва шуроҳои иҷроияро ҳангоми пешбурди раванди Ташаббуси СММ 80 таъкид намуд.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






