Натиҷаҳои марҳилаи аввали лоиҳаи «Ташаббуси ҷаҳонии масъулиятшиносии мақоми олии аудит» муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд натиҷаҳо ва дастовардҳои марҳилаи аввали лоиҳаи «Ташаббуси ҷаҳонии масъулиятшиносии мақоми олии аудит (GSAI) барои солҳои 2023–2025» муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Зимни ҷаласаи натиҷагирии ин ташаббус иброз гардид, ки он ба таҳкими мақоми мустақили мақомоти олии аудит, баланд бардоштани сатҳи шаффофият, беҳтарсозии назорати молиявӣ ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба идоракунии давлатӣ равона карда шудааст.
Гуфта шуд, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2023 ба Ташаббуси ҷаҳонии масъулиятшиносии мақоми олии аудит ворид гардида, фаъолияти он ба такмили иқтидор ва рушди касбии мақомоти аудити мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ равона шудааст. Чорабинии имрӯза низ ба ҷамъбасти дастовардҳои ду соли аввали татбиқи лоиҳаи ин ташаббус бахшида шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи аввали лоиҳа бо мусоидати шарикони рушд тавассути Ташкилоти рушди ИНТОСАЙ (INTOSAI) татбиқ гардид.
Бояд гуфт, ки ИНТОСАЙ ташкилоти байналмилалии худмухтор, мустақил, ғайрисиёсӣ ва ғайридавлатӣ буда, ҳамчун минбари доимамалкунанда барои мубодилаи таҷриба, дониш ва стандартҳои муосири аудити давлатӣ байни мақомоти олии назорати молиявӣ дар саросари ҷаҳон фаъолият мекунад.
Ҳадафи асосии он таъмин намудани аудиторон бо иттилооти зарурӣ, муаррифии дастовардҳои нав дар соҳаи аудит, истифодаи стандартҳои касбӣ ва роҳнамоҳои методологӣ мебошад.
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун баҳрагирандаи асосии лоиҳа дар ду соли охир якчанд корҳои муҳим анҷом дод:
– гузаронидани баҳодиҳии мустақили берунаи самаранокии фаъолияти мақоми олии аудит;
– таҳия ва тасдиқи «Стратегияи рушди Палатаи ҳисоб барои солҳои 2024–2028»;
– такмил додани механизмҳои идоракунии стратегӣ ва баланд бардоштани сифат ва ҳисоботдиҳии аудиторӣ;
– таҳия ва ҷорӣ намудани маҷмуи амалҳои ислоҳотӣ дар самти рақамикунии равандҳои аудиторӣ;
– густариши ҳамкорӣ бо Парлумон ва ҷонибҳои манфиатдори миллӣ ва байналмилалӣ.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи ин ташаббус аз панҷ қисм иборат буда, қисмати аввал методологияи аудит, сифат ва ҳисоботдиҳӣ, идоракунии стратегӣ, рақамикунонии соҳа ва равобит бо парлумонро дар бар мегирад. Қисмати панҷум ба идоракунии босамари лоиҳа бахшида шудааст.
Таъкид гардид, ки мақоми олии аудит ниҳоди калидӣ дар арзёбии самаранокӣ, мақсаднокӣ ва шаффофияти истифодаи маблағҳои буҷетӣ буда, дар назди Парлумон ва ҷомеа ҳисоботдиҳанда аст. Аз ин рӯ Ташаббуси ҷаҳонии масъулиятшиносии мақоми олии аудит барои баланд бардоштани иқтидори касбии Палатаи ҳисоб аҳамияти стратегӣ дорад.
Дар ҷараёни ҷаласаи натиҷагирии лоиҳа масъалаи ҷалби сармоя барои марҳилаи дуюми татбиқи лоиҳа низ мавриди муҳокима қарор гирифт. Иштирокчиён изҳор доштанд, ки ҳамкории минбаъда дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳа идома ёфта, ба таҳкими шаффофият, идоракунии масъулона ва рушди устувори молияҳои давлатӣ мусоидат менамояд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд






