Неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт 115 ҳазор хоҷагиро бо неруи барқ таъмин менамояд

Ноябрь 20, 2025 16:38

ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи сохтмони Неругоҳи  офтобӣ дар ноҳияи Ашт барои таъмини 115 ҳазор хоҷагӣ бо неруи барқ ва кам кардани партовҳои гази карбон ба атмосфера дар масоҳати 750 гектар бо арзиши 125 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мешавад. Дар ин хусус имрӯз зимни ифтитоҳи корҳои сохтмонии ду лоиҳаи нави энергетикӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон  бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон  баён гардид.

Бояд гуфт, ки дар доираи ин лоиҳа дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт  бунёд карда мешавад. Бунёди Неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт то моҳи августи соли 2026 идома ёфта, дар корҳои сохтмонии он наздики 600 кас ба кор ҷалб мешаванд, ки аксари онҳоро коргарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳи мазкур 30 сокини маҳаллӣ ба кор таъмин мешавад.

Корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун аз ҷониби сармоягузори маҳаллӣ — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Аён Энерҷӣ ва паймонкор — Ҷамъияти саҳомии кушодаи  «Тоҷикгидроэлектромантаж» дар ҳамкорӣ бо ширкати чинӣ ба анҷом расонида мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 20, 2025 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид